goodwell
Аввалин шикасти Нурулло Алиев дар UFC
26.10.2026
Оила
35

Аввалин шикасти Нурулло Алиев дар UFC

Размикори тоҷик Нурулло Алиев дар рақобат бо Грант Доусон, намояндаи ИМА, дар ташкилоти UFC мағлуб шуд. Ин аввалин шикасти варзишгари тоҷик дар ин ташкилот ба ҳисоб меравад.

Набард рӯзи 24-уми октябр дар доираи мусобиқаи UFC 333 дар шаҳри Абу-Забии Амороти Муттаҳидаи Араб баргузор гардид. Ғолибият ба Доусон бар асоси қарори якдилонаи доварон дода шуд.

Нурулло Алиеви 27-сола, ки бо лақаби «Уқоби тоҷик» маъруф аст, то ин рақобат дар UFC чор муҳориба анҷом дода, дар ҳамаи онҳо пирӯз шуда буд.

Дар маҷмӯъ, Алиев дар муҳорибаҳои омехта 13 рақобат гузаронида, 12 ғалаба ва як шикаст дорад. Аз ин шумора панҷ рақобати ӯ дар UFC баргузор шудааст.

Грант Доусони 32-сола пеш аз ин рақобат дар феҳристи 15 размикори беҳтарини вазни сабуки UFC қарор дошт. Ӯ дар муҳорибаҳои омехта 29 рақобат анҷом дода, 25 ғалаба, се шикаст ва як мусовӣ дорад.

Айни замон Тоҷикистонро дар UFC ду размикор - Нурулло Алиев ва Муин Ғафуров намояндагӣ мекунанд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД