Имрӯз аввалин намози ҷумъа дар масҷиди калонтарини Тоҷикистон хонда мешавад. Дар ин бора ба сомонаи "Оила" аз Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳо хабар доданд.
Гуфта шуд, ки имоматии намозро Саидмутаҳҳар Асомуддинзода, имомхатиби масҷиди мазкур бар дӯш дорад.
Ёдовар мешавем, ки масҷиди калонтарини Душанбе, рӯзи 8 июн расман ба истифода дода шуд. Ин масҷид дар майдони 12 гектар ҷойгир буда, аз чор манораи баландиашон 74-метрӣ, гунбази 43-метрӣ, толори бузург, толорҳои хурди намозгузорӣ, китобхона ва нишеману утоқҳои сершумор барои ҷаласаҳо иборат аст.
Сохтмони онро соли 2009, дар рӯзҳои таҷлил аз 1310-солагии Имоми Аъзам, пешвои мазҳаби ҳанафӣ, оғоз карда буданд. Ҳоло номи масҷидро ҳам ба исми ӯ гузоштаанд.