Sebiston new 2024 october
Сарони давлатҳо намозгузорони аввалин дар масҷиди нав
1168

Имрӯз дар ҳошияи сафари давлатии Амири Давлати Қатар ба Ҷумҳурии Тоҷикистон маросими ифтитоҳи Масҷиди ҷомеи марказии шаҳри Душанбе баргузор гардид.

Сарони давлатҳо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва муҳтарам Шайх Тамим бин Ҳамад Оли Сонӣ, инчунин Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ бо бардоштани парда аз рӯйи лавҳаи рамзӣ ин иншооти муҳими маънавиро ифтитоҳ намуданд.

Пас аз маросими расмии ифтитоҳи масҷид Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Амири Давлати Қатар муҳтарам Шайх Тамим бин Ҳамад Оли Сонӣ бо шоҳкории меъмории миллии тоҷикона ва шароит барои намозгузорон дар он шинос шуданд.

Баъди шиносоӣ Сарони давлатҳо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Амири Давлати Қатар Шайх Тамим бин Ҳамад Оли Сонӣ барои таҳияи масҷид ду ракаат намоз хонда, ба сифати корҳои анҷомдодашуда, ки бо риояи суннатҳо ва нозукиҳои меъмории миллӣ иҷро гардида, таҷассумгари омезиши моҳиронаи арзишҳои миллӣ ва суннатҳои динӣ мебошанд, баҳои баланд доданд.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Амири Давлати Қатар муҳтарам Шайх Тамим бин Ҳамад Оли Сонӣ барои саҳмгузорӣ дар бунёди ин шоҳкорӣ изҳори сипос намуда, татбиқи лоиҳаро намунаи олии ҳамкории ду давлат арзёбӣ карданд. Пешниҳод гардид, ки ба хотири хизматҳои барҷаста дар олами ислом Масҷиди ҷомеи марказии шаҳри Душанбе ба номи “Имоми Аъзам — Абуҳанифа Нуъмон ибни Собит” гузошта шавад.

 

Гуфта шуд, ки масҷид дар ҳудуди 12 гектар, ки бинои масҷид дар 3 гектари он ҷойгир шудааст ва дорои 3 даромадгоҳи калон мебошад, бунёд гардидааст. Он имконияти ғунҷоиши 133 ҳазор намозгузорро дар як вақт дорад, ки аз ин шумора 43 ҳазор намозгузор дар дохили масҷид ва боқимонда дар гирду атрофи он ҷой мегирад.

Ин на танҳо як масҷид, балки пойгоҳи замонавии фарҳангу таърихи исломӣ буда, толорҳои он тавре бунёд шудаанд, ки дар онҳо чорабиниҳои мухталифи илмиву фарҳангӣ ва ҳамоишҳои сатҳу зинаҳои гуногун гузаронда мешаванд.

 

Бояд гуфт, ки бо пешниҳод ва иштироки Роҳбари давлат Эмомалӣ Раҳмон 30 майи соли 2018 дар паҳлуи Масҷиди ҷомеи марказии шаҳри Душанбе сохтмони Донишкадаи исломии Тоҷикистон оғоз гардид. Донишкадаи исломии Тоҷикистон барои 1 500 донишҷӯ дар як баст пешбинӣ гардидааст. Бунёди Масҷиди ҷомеи марказии шаҳри Душанбе ва Донишкадаи исломӣ гувоҳи равшани сиёсати Пешвои миллат ва давлати Тоҷикистон доир ба дин, озодии виҷдон ва озодии пайравӣ ба дин мебошад.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД