Sebiston new 2024 october
Сайидмутаҳҳар Асомиддинзода кист?
956

Сайидмутаҳҳар Асомиддинзода, имомхатиби калонтарин масҷиди Тоҷикистон аст. Дар ин бора як манбаъ аз Шӯрои уламои Тоҷикистон ба “Oila” хабар дод.

Манбаъ гуфт, мавсуф солҳо имомхатиби масҷиди ҷомеи марказии ноҳияи Данғара буд ва ҳанӯз 3 сол қабл аз ҷониби Шӯрои уламои Тоҷикистон ба ин вазифа таъин гардид.

Эшон нафари донишманд, тақводор ва дорои одоби баланди исломист. Чанд рӯз қабл аз ифтитоҳи масҷиди нав бо қарори ҳайати имомхатибон ва дар мувофиқа бо Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросим ӯ сархатиби масҷиди нави шаҳри Душанбе таъйин гардидааст”, - гуфт манбаи мо зимни суҳбат.

Худи имомхатиб зимни суҳбат бо “Oila” гуфт, бо  қарори ҳайати муассисон ва дар мувофиқа бо Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросим ӯ сархатиби масҷиди нави шаҳри Душанбе таъин шудааст.

Ман хатмкардаи факултаи филологияи тоҷики Донишгоҳи миллии Тоҷикистон буда, аз соли 2014 то 2020 ба ҳайси имомхатиби масҷиди ҷомеи марказии ноҳияи Данғара фаъолият доштам. Соли 1965 дар ин ноҳия таваллуд шуда,таҳсилоти диниро дар назди уламои маъруфи динии кишвар гирифтаам. Оиладор, соҳиби 7 фарзандам”,-гуфт мавсуф.

Ёдовар мешавем, ки ин масҷид дирӯз бо ширкати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Амири давлати Қатар Шайх Тамим бин Ҳамад Оли Сонӣ расман ифтитоҳ гардид. Масҷиди нав ба номи Имоми Аъзам – Абӯҳанифа Нӯъмон ибни Собит гузошта шудааст.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД