Аз 22 то 31-уми октябр дар Баҳрайн 3-юм Бозиҳои Осиёии наврасон баргузор мешавад. Ба барномаи Бозиҳо 26 намуди варзиш шомил аст ва аз рӯйи онҳо 256 мусобиқа баргузор мегардад.
Бино ба иттилои ТВ “Варзиш”, дар асоси барномаи Бозиҳо аллакай баъзе мусобиқаҳо - ҳендбол, пенсак-силат, каббода ва кураш 19-уми октябр оғоз гардиданд. Варзишгарони мо дар намуди кураш аввалин медал ба даст оварданд. Абубакр Тураев дар вазни 65 кг сазовори медали биринҷӣ гашт.
Дар 3-юм Бозиҳои Осиёии наврасон Тоҷикистонро 65 варзишгар аз рӯйи 12 намуди варзиш: варзиши сабук, шиноварӣ, бокс, бадминтон, ҷудо, гӯштини тарзи озод ва юнонӣ-римӣ, кураш, варзиши электронӣ, ҷиу-ҷитсу, муай, таеквондо, ММА намояндагӣ мекунанд.
Парчамбардори кишвари мо дар ин мусобиқа муштзан Беҳрӯз Умаров ва таеквондочӣ Бону Темирова мебошанд.
Ёдрас мешаве, ки дар 2-юм Бозиҳои Осиёии наврасон, ки соли 2013 дар Нанҷинги Чин доир гашта буд, варзишгарони мо 2 медал - як нуқра ва як биринҷӣ ба даст оварда буданд.