Ба кайҳон на танҳо одамон, балки сагу ҳамдуна ва ҳатто гурба ҳам рафтааст. Бори охир мутахассисони фаронсавӣ гурбаи бе зоти рах-рахро бо лақаби Феликс фиристоданӣ буданд, вале қабл аз парвоз гурба гурехт. Ба ҷои он санаи 18 октябри соли 1963 гурбаи сафеду сиёҳ бо лақаби Фелисетт ба кайҳон фиристода шуд. Баъди он ки гурба ба замин оварда шуд, муддати се моҳ аз ҷониби олимон мавриди таҳқиқ қарор гирифта, сипас барои омӯзиши дақиқтар бо истифода аз доруи марговар кушта шуд. Баъди чанд рӯз олимони фаронсавӣ гурбаи дигареро ба кайҳон фиристонидан хостанд, вале ракета зимни парвоз дучори садама гардид.