Formula novemver 2024
Аввал телефонамро кашида гирифтанд, баъдан се мушт ба дилам заданд...
4677

- Салом инҷо сомонаи Оила!
- Бале бародар гӯш мекунам!
- Ака, ман шикоят дорам, мешад ҳамиҷа нақл кунам ё нависам чоп кунед?
- Мешавад! Аз чӣ арз доред?
- Аз Военкомати шаҳри Панҷакент
- Чӣ кор карданд?
- Рафтори аблаҳона карданд, ки ба рафтори одамӣ рост намеояд. Ин чӣ гап, меҳмонро меҳмон намегӯянд, одамро одам намешуморанд, мисли ваҳшӣ хоҳанд мезананд, хоҳанд ба хизмат мебаранд. Дар ягон минтақаи кишвар ин хел рафтори номардонаро надида будам.
- Ошкортар фаҳмонед, шумо худ кӣ ҳастед, зодаи кадом минтақаед?
- Ман Одинаев Муҳаммад, зодаи деҳаи Ҷавонони шаҳри Ваҳдат, 24 сол дорам. Занам аз Панҷакент. Азбаски ҳамсарам дар моҳи 9-уми ҳомиладорӣ қарор дошт, ман ба хонаи модараш овардам, то инҷо таваллуд кунад. Саннаи 30-аперл буд, мо ба роҳ баромадем. Дар роҳ аниқтараш дар даромадгоҳи шаҳри Панҷаккент, деҳаи Киштудак 8- нафар корманди камисарияти ҳарбӣ ва 2- духтур мисли роҳзан мошинамонро манъ карда, моро берун кашиданд. Соат 16-17-и аср буд. Ҳамроҳи мо ба камиссариати ҳарбӣ меравӣ гуфта, ба мошини худашон мисли мол бор карданӣ шуданд. Истед гуфтам, ба занам рӯ оварда гуфтам, ки хавотир нашав, аз пас ба хонаатон меоям. Хостам ба хешовандони занам занг зада, буду шуди коро фаҳмонам ва ҳамсарамро ором кунам, ӯ сахт тарсид ва гиря ҳам кард, вале муштзӯрони панҷакентӣ телефонатро куш гуфтанд. Тоқат кунед, занамро тарсондед, аммо онҳо аз ин рафторам хашмгин шуда, телефонро аз дастам кашида гирифтанд, се мушт ба шикамам зада, ба мошинашон бор кардану ба идораашон оварданд. Рӯзадор будам, раҳм кунед, ин чӣ беадолатӣ гуфтам. Онҳо баъди чанд лаҳза пас маро аз мошин фароварда, ба идорашон дароварданд, ба пешам об гузошта гуфтанд, ки рӯзаатро хӯр. Не, намехӯрам, шом каме пас мешавад гуфтам. Бақлашкаро бо зӯрӣ ба дастонам дода, гуфтанд, ки хӯр гуфтем хур. Аз тарс рӯзамаамро хӯрдам. Бовар кунед, сахт тарсидам. Баъди муоина ба ман рӯ оварда гуфтанд, ки ту бача тасп дорӣ, аниқ коронавирус ҳастӣ. Якбора дар танам вараҷа дамид. Гиря кардам, қариб буд дилам аз таппиш монад. Ёрии таъҷилиро фарёд карданд, омаду маро ба беморхона бурд. Дар беморхона ҳолати маро ташхис карда гуфтанд, ки коронавирус нестам, сабаби тасп аз тарс будааст. 5-рӯз дар беморхонаи шаҳри Панҷакент хоб рафтам. Рӯзи 4-май маро ҷавоб дода, хоҳиш карданд, ки 14-рӯзи дигар дар хонаи хусурам монам ва ба берун набароям. Ҳатто духтурон аз ман забонхат гирифтанд. Ин рафтори кормандони камиссариати ҳарбии шаҳр Панҷакент маро ба ин ҳол расонд. Аз куҷо ва чӣ кора буданам барояшон муҳим набуд, муҳим он буд, ки супоришашонро аз ҳисоби донишҷӯён ва ё меҳмонони ба ин шаҳромада анҷом дода, сарашонро назди роҳбарияташон баланд бардоранд.
Аз роҳбари Вазорати Мудофиа муҳтарам Шералӣ Мирзо хоҳиш мекунам, ки аз рӯйи кормандони камиссариати ҳарбии шаҳри Панҷакент назорати ҷиддӣ баранд ва онҳое, ки мисли роҳзан муомилаи бад намуда, чӣ хеле хоҳанд рафтор мекунанд, ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашида шаванд. Ба онҳое, ки майли меҳмонӣ ба шаҳри Панҷакент омаданро доранд, илтимос мекунам, ки ҷойи гармашонро хунук накунанд, зеро ки ман бо нияти ҳамсари ҳомиладорамро ба хонаи модараш овардан, ба ин ҳол расидам. Боқӣ, Худованд нигаҳбонатон!

Барои факт, муроҷиати номбурда тариқи Имо ирсол гашт ва барои тасдиқ мо маълумотро аз забони ҷабрдида пурра кардем:










Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД