Sebiston new 2024 october
Аввал блогер , баъд модел, пасон... ? Аз Мадина Басаева боз чиро интизор шавем?
28.02.2020
Р. Азимӣ
4334

Блогери ҷавони тоҷик Мадина Басаева намояндаи Кохи муди Dolce & Gabbana эътироф шуд.

Ин ҷавондухтари 20-солаи тоҷик рӯзи 23 феврал дар Ҳафтаи муд дар Милани Италия маҷмӯаи ҷадиди либосҳои ин бренди маъруфро намоиш дод. Мадина Басаева аксу видеоҳояш аз Ҳафтаи муд дар Миланро дар Инстграм ва Тик Ток нашр кард. Шумораи пайравони вай дар Тик Ток, як платформаи нави интернетӣ алакай ба 7 миллион расидааст. 

Мадина Басаева дар Instagram ва TikTok барои пайравонаш аксу видеоҳои пушти саҳнаи Ҳафтаи муд дар Миланро нашр кард, ки моделҳои маъруфро чӣ гуна либос мепӯшонанд, рангу бор мекунанд ва ороиш медиҳанд. Дар TikTok ӯ ҳамчунин видеоеро нашр кард, ки бо кадом либос дар Ҳафтаи муд иштирок кард. Мадина Басаева дар Милан бо асосгузорони Кохи муди Dolce & Gabbana Доменико Долче ва Стефано Габбана низ шинос шуда, ҳамроҳи онҳо акс гирифтааст.


Ҳунарманди ҷавони тоҷик Туркияро тасхир кард


Ӯ дар саҳифаи шахсияш навиштааст, се сол пеш вақте ба Маскав омад, аслан орзуяшро надошт, ки ягон рӯз чунин бренди дар ҷаҳон маъруфро намояндагӣ хоҳад кард.

Боиси тазаккур аст, ки Мадина Басаева зодаи шаҳри Душанбе буда, соли 2017 муқими Маскав гардидааст. Ӯ бо нашри видеоҳои густохонааш дар Интернет, ки маъмулан дар зери таронаҳои дигарон лаб меҷунбонад ва бо ҳаракатҳояш ба он таронаҳо клип месозад, машҳур шуд. Як чунин таронаи ӯ то имрӯз қариб 10 миллион тамошобин ҷамъ овардааст. Ду сол пеш Мадина Басаева барои як видео, ки дар он дар як даст "Қуръон”-у дар дасти дигараш "Инҷил” дошт, ҳадафи танқиду таҳдидҳои тунд қарор гирифт. Мунтақидон рафтори ӯро барои як духтари мусулмон номуносиб хонданд.

 

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД