Мегӯянд, ки авсун аз кундошт ҳам бадтар аст. Пештар ман ба ин гап бовар намекардам, вале баъди оне, ки авсундор шудам, фаҳмидам, ки дар ҳақиқат авсун балои ҷони авсун мешудааст.
Хушдомани ман бо ду писар бева монда, онҳоро худаш танҳо ба воя расонидааст. Муносибати ман бо хушдоманам хеле хуб буд, дар ҳавлии калон як оилаи хурд зиндагии ширин доштем. Хушдоманаму шавҳарам кор мекарданд, ҳеварам донишҷӯ буд, баъди ба кор рафтани онҳо ман писарчаҳоямро сер карда, дар рӯйи ҳавлӣ сар медодаму аз паси кору бори хона мешудам. Одатан то нисфи рӯз ҳама корамро ба анҷом расонида, ҳамроҳи писаронам хӯрок мехӯрдаму каме истироҳат мекардам, баъд аз паси хӯроки шом мешудам. Бегоҳ аҳли оила бо шӯхию хурсандӣ ғизо хӯрда, то як поси шаб чақ-чақ карда мешиштем.
Имсол ҳеварамро зан додему зиндагии орому осудаамон ноором гашт. Арӯсак аз уҳдаи ягон кор намебарояд, хушдоманам бошад, ба ҷойи ӯро насиҳат кардану роҳу равиши зиндагиро ёд додан, келини навро эрка карда намегузорад, ки ба вай аз бинӣ боло гап занем. Дарди диламро ба модарам гуфтам, вале ба ҷойи маслиҳат додан маро сарзаниш намуда мегӯяд, ки “ту ба зани ҳеварат бахилӣ мекунӣ”.
Дигар ҳамрозе надорам, аз ҳамин сабаб ба Oila.tj муроҷиат намудам, то аз дугонаҳои азиз маслиҳат пурсам.
М., хонандаи сомона