Салом!
Ман як ҷавонзани 30-солаи сокини шаҳри Душанбе мехоҳам мушкили худро ба шумо нақл карда, маслиҳат бипурсам. Аз касе пӯшида нест, ки солҳои охир нарху навои хона ба осмони ҳафтум дакка хӯрдааст ва аксари оилаҳо аз ночорӣ бо ду-се келин дар як хона зиндагӣ мекунанд.
Ману шавҳарам ҳамроҳи фарзандонамон дар хонаи хусуру хушдоманам, ки дар яке аз ноҳияҳои пойтахт воқеъ гашта, аз 3 ҳуҷра иборат мебошад, зиндагӣ мекунем. Дар ин хона ба ғайр аз мо боз ду келини дигар низ ҳаст.
Авсуни калониам 4 фарзанд дорад, ман бошам, соҳиби 3 фарзанд ҳастам, келини хурдӣ фарзанди аввалинашро як моҳ пеш ба дунё овард, вале ин арӯси шаттоҳ мехоҳад мо-ду келини калониро аз дар берун созад. Пеш аз хонадор кардани додаршӯйи хурдиам муносибати ману авсуни калониам хеле хуб буд.
Мо мисли ду хоҳар кору бори хонаро байни худ тақсим карда будем ва байнамон ягон нофаҳмию ҷангу ҷанҷол набуд. Хусуру хушдоманро ҳурмату эҳтиром мекардем, сирри хонаро ба берун намебаровардем, ба будаву нобуда шукрона карда, кӯшиш менамудем, ки аҳлона умр ба сар барем.
Мо байни фарзандонамон ягон фарқ намегузоштем, гоҳо ман кӯдакони авсунамро нигоҳубин мекардаму гоҳ ӯ бачаҳои маро аз боғча мегирифт ва сару рӯяшонро шуста, шикамашонро сер мекард, вале аз рӯзе, ки келини сеюм қадам ба остонаи мо гузошт, хонаамон ғурбатсарой гашт. Ин арӯси тирмизак ба фарзандони ман ва бачаҳои авсунам ҳеҷ рӯз нишон намедиҳад.
Аввалҳо “ман кӯдак надорам, ки хонаро чиркин кунад” гуфта, дасташро ба оби сард намезад, аз бозе, ки соҳиби фарзанд шудааст, тамоман аз худ рафтааст ва ҳар рӯз ҷангу ҷанҷол мебардорад, ки бачаҳои шумо шӯхию бозӣ карда, кӯдаки маро аз хоб бедор мекунанд.
Ин арӯси бефаросат ва беандеша заррае аз касе ибо накарда, бачаҳои моро дар пеши чашмамон “сағераҳои бесоҳиб” мегӯяд. Аламовараш он аст, ки хушдоманам ба ҷойи таноби ин арӯси шаттоҳро кашидан тарафи келини навашро мегирад.
Мо дар ин хона 10-15 соли хизмат карда бошем ҳам, имрӯз арӯси дурӯза соҳиби хонаву дар шуда, моро бо кӯдаконамон аз дар берун карданист. Намедонам келини нав рӯзона вақти дар кор будани ману авсунам ба хусуру хушдоманам чиҳо гуфта, моро бадгӯӣ мекунад, ки ҳарду пӯстинашонро чаппа пӯшидаанд.
Пиру кампир ду пояшонро дар як мӯза андохта, мегӯянд, ки ин хона ҳаққи писари кенҷагиамон аст, ҳарду шумо фарзандонатонро гирифта ба иҷорахона кӯчед. Шавҳари ман ва бародараш нони даҳони кӯдаконашонро базӯр меёбанд. Мо шароити иҷора гирифтани хонаро надорем, баъдан охир чанд сол дар хонаи мардум зиндагӣ кардан мумкин аст?!
Чанд маротиба гуфтем, ки ин хел бошад, хонаро фурӯхта, пулашро байни се писаратон тақсим кунед, то ки мо ҳам ягон замин ё ҳавлича гирифта, ҳамроҳи бачаҳоямон осуда зиндагӣ кунем, вале хусуру хушдоманам розӣ намешаванд. Келини хурдӣ фарзанди ягона аст ва модараш дар як чорҳуҷрагӣ танҳо зиндагӣ мекунад.
Гуфтем, ки оромӣ хоҳад, рафта бо модараш зиндагӣ кунад, аммо ин пешниҳодро ҳам қабул надорад. Ҳайрон мондаем, ки бо ин арӯси шаттоҳ чи кор кунем. Илтимос, ба мо маслиҳат диҳед, чи кор кунем, ки байнамон ягон ҷанҷоли калон нашавад?
С. М, сокини ш. Душанбе