Sebiston new 2024 october
Авсунам ба мо ҷабр карду ба ғазаби худо гирифтор шуд
1811


Дар урфият беҳуда намегӯянд, ки "палонҷ ба палонҷ пахта ғуронад, авсун ба авсун санг меғуронад". Ин гуфтаи мардумӣ воқеан ҳикмати баланд дорад. Зеро дар таҷрибаи зиндагиям ҳар дуро озмудаам.

Аз замоне, ки ба даргоҳи шавҳарам келин шуда омадам авсуни яккаву ягонаам, ба ман рӯз нишон надод. Ба шину хезам гап мезаду айб мемонд. Ҳаракат мекард, ки байни хешу табор бештар камбудиҳоямро нишон дода, маро назди онҳо як бонуи беҳунар вонамуд кунад. Ноӯҳдабароиву пазанда ва чаққон набуданам ба чунин рафтори авсунам баҳонаи хубе буд. Ҳарчанд кӯшиш мекардам аз вай як сару гардан боло шавам аммо...
                           Ғаматро хӯр
Авсунам хонаи хусурамро аз худ карда гирифт Ҳарчанд ба хона ҳаққи шавҳарам ҳам буд, вале намедонам барои чи бошад, ки шавҳарам ҳам ба ин чиз беэътиноӣ мекард. Ҳоло келини нав будам, ки "ғаматро хӯр писарам калон шудааст ин хонаро холӣ мекунӣ ман ба вай зан медиҳам" - гуфта ин гапҳоро ба гӯшам чакконда монд. Хонаву дар, молу мулк аз сари ҳама мемонад, танҳо некиҳои инсон дар дилу дида мемонаду бас. Шояд ин ҳикматро авсунам намедонист ё донистан намехост ё нодорӣ маҷбур мекард ва ё ҳирси дунё.... Ба ҳар ҳол ӯ барои аз хона рондани мову соҳиби хона шудани худ муваффақ шуд.
                        Хусурам бетараф...
Дар хонадоне, ки хусуру хушдоман ҳаст, ҳам файзу барака ва ҳам амну оромӣ ҳаст. Аз сабаби он, ки мо хушдоман надоштем, авсунам ба ман "нақши" хушдомани золимро мебозид. Ба шишту хезам, ба хӯрду хӯрокам, ҳатто ба либоспӯшиям гап мезад. Ман баъзан баробараш ҷанг кунам, баъзан даҳони баста сад тилло гуфта хапу дам менишастам. Хусурам ба ҷангу ҷанҷоли мо бетараф буд, зеро синну солаш ба ҷое расидаасту марҳами розаш кайҳост, ки ӯро абадан тарк гуфта... Бечораи мӯйсафед "намедонам рӯзам ба кадом яки инҳо мемонад" гуфта, шояд байни мо намедаромад.
                 Киҳо кашад ҷабру ҷафо...
Хона аслан хонаи хусурам аст, аммо авсунам "ин иморатҳо ҳама бо пули шавҳари ман шудааст, хусурат замини холи дошту халос" - гуфта бо ман ҷанг мекард. Ҳарчанд мегуфтам, ки аз ин хона меравем аммо ба сӯям теғ кашида "ин шавҳари латтатд туро дар ин дунё соҳиби хона намекунад, ман беҳуда ҷон намекунам" - мегуфт ӯ.
Авсунам ба ҷойи он ки мисли апаву хоҳар шавем аз ман душман метарошид. Ҳарфи ёфтанаш "киҳо кашад ҷабру ҷафо, киҳо хурад заҳру бало". Худам ҳам намедонам,ки ба ин ҳама ранҷу озор чӣ тавр сабр кардам.
                         Шавҳари алкаш
Шавҳарам аввалҳо ҳеҷ наменӯшид. Баъди пай дар пай хонаро холи кун гуфтани авсунам кам-кам ба арақнушӣ одат кард. Ин одаткуниҳо ӯро тамоман дилбастаи арақ кард. Акнун бар замми ҷанҷолҳои авсунам шартаву шуртаи шавҳарам ҳам сар шуд. Рӯзе набуд, ки арақ нанушида ояд. Баъзан рӯзҳо, ҳафтаҳо ва ҳатто моҳҳо ба хона намеомад. Агар куҷо будед гуфта пурсам "ман кай хоҳам ба хона меоям" -мегуфт ба қаҳр.
Баъди муддати мадид фаҳмидам, ки шавҳарам зан гирифтааст. Бо вуҷуди он ки мо як духтару як писар доштем, ахиран шавҳарам маро аз хона ронд. Авсунам аз ин курта-курта гӯшт мегирифт.
Дертар палонҷам бепуливу майхорагии шавҳарамро баҳона карда аз вай рӯй гардонидааст. Вақте шавҳарам боз ба хонаи падараш баргашта меояд, авсунам ӯро ҳам аз хона меронад. "
                           Бумиран...
Фаҳмидам ки шавҳарам ба муҳоҷират рафтааст. Аз байн 6-сол гузашт. Шаробнӯширо бас кард ё не намедонам, аммо баъди шаш сол ҷасадашро оварданд. Шояд дилам хунук шуда буд, ки аз чашмонам қатрае ашк нарехт.
Авсунам баъди се моҳи вафоти шавҳарам ба хонаи волидайнам омада аз ман барои азобҳои додааш узр пурсид. Фаҳмидам, ки вай ба бемории саратони сар гирифтор шудааст. Ӯ маро маҳкам оғӯш карда "авсунҷон, гуфта буди, ки ин молу сарват аз сари мо мемонад, мана имрӯз ҳамаашро гузошта зери хок меравам. Маро бубахш, ки бароят зулм кардам. Дарк кардам, ки дар ин умри кӯчак ба ҳамдигар некӣ карда, ин умрро бо хушиву хурсанди гузарониданамон лозим будааст."
Охирон ҳарфи авсунам маро доимо ба неки кардан, ҳамдигарро дӯст доштан ва ҳеҷ гоҳ ба дигарон зулм накарданро омӯхт. Ҳис кардам, ки дунё мисли бумиран будаас,т ҳама сазои амалашро медидааст. Пас некӯкор бошем, то доимо некиҳомон ба худамон баргардад.
Дилноза
Абдуғаффор Шодиев

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД