Муҳандиси йеменӣ Ҳошим ал – Гаилӣ ҳавопаймои насли нави худро пешниҳод кард. Тарҳи аввали ҳавопаймо – ҳотел Sky Cruise гардид, ки комилан индустрияи авиатсияро тағйир медиҳад.
Sky Cruise – ҳотели парвозкунандае мебошад, ки аз энергияи атомӣ истифода менамояд. Ин ҳавопаймои бадҳайбат имкони интиқол додани 5000 мусофирро дорад. Sky Cruise мабно ба синтези ядроӣ 20 муҳаррики ядроиро метавонад дар худ дошта бошад.
Бо ин масъалаи партови газҳои карбонӣ ҳал хоҳад шуд. Тайёра бидуни сарнишинҳо парвоз мекунад. Ҳавопаймо – ҳотел ба замин фуруд намеояд ва сӯзишворӣ, мусофирону борҳоро тайёраҳои маъмулӣ ба он мерасонанд. Ҳавопаймои мазкур пайваста муддати чанд сол метавонад дар фазо бошад.