Зиёда аз 50 нафар ҷавонони тоҷик барои таҳсил ва кор ба кишвари Олмон фиристода мешаванд. Дар ин бора Солеҳа Холмаҳмадзода, вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон зимни нишасти матбуотӣ хабар дод.
Тавре масъулини вазорат зикр намуданд, моҳи майи соли равон аз музофоти баварияи Олмон як гурӯҳи корӣ ба Тоҷикистон ташриф оварда, созишномаи дуҷониба ба имзо расидааст. Дар асоси ин ҳуҷҷат шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи низоми дуалӣ барои таҷрибаомӯзӣ ва кор ба музофоти Баварияи Олмон фиристода мешаванд.
Шариф Норзода, муовини вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон ин масъаларо шарҳ дода, гуфт: “Мувофиқи талаботи корфармоён ба музофоти Баварияи Олмон аз Тоҷикистон ҷавонони аз 18 то 25-солае, ки забони олмониро медонанд, фиристода шуда, дар бахши сохтмон, хизматрасонӣ ва меҳмонхонаҳо ба кор ҷалб карда мешаванд“.
Масъулини вазорат гуфтанд, ки 65 нафар довталабон барои таҳсил ва кор дар Олмон муроҷиат намудаанд ва аз ин шумора 50 нафарашон аз имтиҳони ҷониби Олмон гузаштанд. Бо 6 нафар аллакай шартномаи меҳнатӣ баста шуда, муҳоҷирони дигари аз имтиҳон гузашта рӯзҳои наздик барои кор ба Олмон сафарбар карда мешаванд.