Телефони мобилӣ ба як ҷузъи ҳаёти ҷавонони муосир табдил ёфтааст. Аксари ҷавонон бо доштани телефони қиматбаҳо ифтихор намуда, кӯшиш мекунанд, ки тамғаҳои нав ба нави телефонро соҳиб шуда, дар назди ёру дӯстонашон худнамоӣ кунанд. Ҷавонони беандешае низ ҳастанд, ки ба хотири ба даст овардани телефони қиматбаҳо ҳаёти худро дар хатар мегузоранд...
Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон аз боздошти ду ҷавон бо гумони дуздии телефонҳои мобилӣ хабар додааст. Тибқи иттилои ин манбаъ ҳодиса дар ноҳияи Балҷувони Вилояти Хатлон рӯй дода, ин ду ҷавони 17 ва 26 сола аз мағозаи фурӯши телефонҳои мобилӣ 7 адад телефони мобилии қиматбаҳро ба яғмо бурдаанд.
Зарари расонидашуда зиёде аз 10000 сомонӣ арёбӣ мешавад.
Аз рӯйи ин ҳодисаи парвандаи ҷиноӣ оғоз ёфта, тафтишоти қазияи ҷавонони телефондузд аз ҷониби мақомоти ҳифзи ҳуқуқ идома дорад.