sebiston july new
Ҷавонон ҳунарҳои миллати тоҷикро намоиш доданд
879

Дар шаҳри Сочии Федератсияи Россия “Фестивали ҷаҳонии ҷавонон 2024” баргузор гашта, дар он ҷавонони тоҷик низ ширкат намуданд. Дар ин бора Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар саҳифаи расмиаш дар Фейсбук хабар додааст.

Дар фестивали мазкур ҷавонони тоҷик намунаҳои ҳунарҳои мардумӣ ва дастовардҳои Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар тӯли даврони истиқлол ба маърази намоиш гузоштанд.
Қобили зикр аст, ки шоми 3-март дар доираи “Фестивали ҷаҳонии ҷавонон 2024” бозии дӯстонаи гурӯҳи ҷавонони иштирокчии фестивал аз кишварҳои Тоҷикистон ва Бангладеш баргузор гашта, ҷавонони тоҷик дар ин мусобиқа бартарии худро нишон доданд. Бозӣ бо ҳисоби 13 бар 1 ба фоидаи Тоҷикистон хотима ёфт.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД