arzon replenishment
Ҷавоне, ки замбурҳо дар сараш лона гузоштанд
790


Як ҷавони ҳиндӣ, ки худро Nature MS меномад, беш аз чор соат бо селаи занбӯрҳои беш аз 60 ҳазор адад ба сару рӯяш часпида рекорд ба даст овардааст.

Азбаски падари ҷавон занбӯрпарвар будааст, ӯ аз замони тифлӣ бо занбӯрҳо бозӣ карда, одат кардааст. Боре падараш ба ӯ як ҳилларо нишон дод, ба кафи дасти писараш занбӯри модаро гузошт ва баъди як соат дасти кӯдакро селаи занбӯрҳо пурра маҳкам карданд. Ин амал ба писарак чунон писанд омад, ки акнун тамоми рӯяшро бо селаи занбӯрҳо пур мекардагӣ шуд.

Билохира, дар синни 24-солагӣ аллакай ба китоби рекордҳо ворид гардид: дар давоми сабқате, ки онро намояндагони китоби Гиннес ба қайд гирифтанд, беш аз 60 ҳазор занбӯр муддати чор соат сару гарданашро пур карданд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД