“ФУРӮҒ” силсилабарномест, ки аз ҳаёту рӯзгор ва таҳсили ҷавонони муваффақи тоҷики дар дохил ва хориҷ аз Тоҷикистон буда, қисса мекунад. Дар нашри сеюми барнома Умедҷон Амонӣ, магистри Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон меҳмони мо аст.
Ӯ соли 2018 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №48-и ноҳияи Аштро бо гирифтани Стипендияи аълои раиси ноҳия ва шаҳодатномаи сурх хатм намуда, ҳамон сол ба шуъбаи рӯзноманигори телевизиони Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода дохил гардид.
Умедҷон 6-карата барандаи Стипендияи Президентӣ мебошад ва айни замон тариқи фосилавӣ дар яке аз донишгоҳҳои Туркия маълумоти дуюм гирифта истодааст.
Ҳамчунин, ӯ шоири навқалам аст ва Фарзонаро устоди худ дар назм медонад. То имрӯз як китобаш таҳти унвони “Ғунчаи умед” аз чоп баромада, алҳол омодагӣ ба нашри китоби дигарашро дорад.
Умедҷон Юнусалиев (Амонӣ) иштирокчии даврҳои 1, 2, 3-юми Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон-Ватани азизи ман» ва «Фурӯғи субҳи доноӣ…» буда, бо диплому туҳфаҳои арзишманд сарфароз гардидааст.
Вай мегӯяд, ки бо мутолиаи асарҳои насриву назмӣ сазовори зиёда аз 25 ҷоизаи хурду бузург шудааст. Аз ҷумла, чанде пеш дар як олимпиадаи байналмилалӣ иштирок намуда, сазовори Шоҳҷоиза гардид ва роҳхати сафар ба Ҷумҳурии Мардумии Чинро ба даст овард.
Айни ҳол, Умедҷон Амонӣ, роҳбари маҳфили “Адибони ҷавон"-и Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва узви фаъоли Ташкилоти ҷамъиятии “Пайравони Пешвои миллат” аст.
Дигар паҳлӯҳои рӯзгору таҳсили ҷавонони муваффақро дар суҳбатҳои мо тамошо кунед:
1. Тоҷикдухтаре, ки соҳибони забони англисиро мағлуб кард
2. ТОҶИКБАЧА дар КОРЕЯИ ҶАНУБӢ филм ба навор мегирад?