arzon replenishment
Ҳавои номусоиду борон имрӯз ҳам идома меёбад
28.10.2024
ОИЛА.ТҶ
229

Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо истинод ба Агентии обуҳавошиносии кишвар хабар медиҳад, ки имрӯз 28-уми октябр низ дар баъзе манотиқи ҷумҳурӣ ҳавои номусоид ва борон идома меёбад.

Дар робита ба ин, КҲФ аз шаҳрвандон хостааст, ки чораҳои бехатарии шахсиро риоя намуда, аз сайругашт дар кӯҳҳо, шикор, чорвочаронӣ ва ҷамъоварии ҳезум худдорӣ намоянд.

- Дар ин рӯзҳо лозим меояд ба бачаҳо диққати ҷиддӣ дода шавад. Онҳоро набояд гузошт тани танҳо чорвочаронӣ, ғунучини ҳезум, ҷамъоварии зироати кишварзӣ ва ё моҳидорӣ раванд,- тавсия додааст КҲФ.

КҲФ ба хотири ҷилавгирӣ аз обхезӣ тавсия медиҳад, ки сокинон сари вақт ҷӯву заҳбурҳо ва каналҳои назди хонаҳои худро тоза кунанд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД