Sebiston new 2024 october
АТАМБОЕВРО ЧӢ ИНТИЗОР АСТ?
1500

Прокуратураи Қирғизистон  президенти собиқи ин кишвар  Алмазбек Атамбоевро барои аз ҳабс озод кардани ҷинояткори ашадӣ Азиз Батукаев гунаҳкор дониста, баро ӯ ҳукми 15 соли зиндон ва мусодираи молу мулкашро талаб кардааст. Собиқ сарвари давлат дар мурофиае, ки дирӯз баргузор шуд, набуд.

Бино ба гузориши бахши қирғизии хабаргузории “Спутник” суд бо иштирок ва баромади айбдоркунандаи давлатӣ ва адвокати гунаҳкорон баргузор шудааст.

Ба иттилои агентӣ айбдоркунандаи давлатӣ ҳамчунин ба шарикони дигари парвандаи Азиз Батукаев, барои собиқ прокурори генералии Қирғизистон  Индира Ҷолдубаве 15 сол ва барои ду мансабдори дигар - мушовири пешини сардори Хадамоти давлатии иҷрои ҷазо Қалибек Качкиналиев ва собиқ директори Маркази миллии гематологӣ Абдуҳалим Раимҷонов - 13 солӣ ҳукми зиндон талаб кардааст. Дар маҷмӯъ, 19 нафар дар парвандаи озодшавии Азиз Батукаев муттаҳам дониста мешаванд.

Бояд гуфт, ки Азиз Батукаев соли 2006 барои ташкили гирдиҳамоӣ дар як муассисаи ислоҳотӣ дар Бишкек ба муддати 16 солу 8 моҳ равони зиндон шуда буд. Он замон, дар натиҷаи тазоҳурот дар зиндон, вакили қирғиз Тиничбек Акматбоев, сардори Сарраёсати иҷрои ҷазо Ҳикматулла Полотов ва ду аъзои дигар парлумони ин кишвар кушта шуданд.

Соли 2013 Батукаев бар асоси хулосаи ташхиси тиббӣ, ки гӯё ӯ ба касалии саратони хун гирифтор аст, аз зиндон озод шуд, аммо бо гузашти ҳамагӣ чанд соат шиносномаи нав гирифта, Қирғизистонро тарк кард. Баъди раҳоии ӯ тафтиши парвандааш аз нав сар шуд ва санҷишҳо муайян намуданд, ки дар озод шудани ин ҷинояткор Атамбоев нақш дорад.

Атамбоев моҳи августи соли гузашта пас аз як тирпаронии шадид миёни ҷонибдоронаш ва низомиёни дастаи таъиноти махсуси Қирғизистон дастгир шуда, то ҳол дар Кумитаи амният нигоҳдорӣ мешавад.

Вай ҳамчунин ба ғайриқонунӣ соҳиб шудани қитъаи замин, фасодкорӣ ҳангоми бозсозии Маркази гармидиҳии Бишкек, фишор ба вакилони парлумон, судяҳо, фаъолони маданиву расонаҳо гунаҳкор дониста мешавад. Худи ӯ гуфтааст, ки ин айбҳоро қабул надорад.

Қаблан иттилоъ дода будем, ки дар натиҷаи амалиёти  неруҳои амниятии Қирғизистон дар деҳаи Кой-Тош Алмосбек Отамбоев, президенти пешини ин кишвар дастгир шуд.

Мақомот барои ворид шудан ба хонаи Отамбоев аз гази ашковар истифода карданд, чунки дар он ҷо садҳо тан аз тарафдорони ӯ ҷамъ омада буданд. Ҳамчунин аз хонаи президент садои тирпарронӣ ҳам шунида шудааст.

Сооронбой Ҷеенбеков, президенти Қирғизистон, рӯзи 8-уми август дар нишасти Шӯрои амнияти кишвараш гуфта буд, ки “Отамбоев ва ҳамроҳонаш аз силоҳи оташфишон истифода карданд ва муқовимат нишон доданд. Онҳо қонунро дағалона вайрон карданд. Мутаассифона, чанде аз одамон маҷруҳ шуданд. Корманди сохтори ҳифзи ҳуқуқ аз тири силоҳи оташфишон кушта шуд. Баҳои ҷоне, ки аз даст рафт, аз қудрат, сарват ва баъзе манфиатҳои сиёсӣ болотар аст”.

Алмосбек Отамбоеви 62-сола, ки шаш сол – аз охири соли 2011 то моҳи ноябри соли 2017 – президенти Қирғизистон буд, баъд аз хатми мӯҳлати президентиаш дар бӯстонсарои худ дар канори Бишкек зиндагӣ мекард.

Атамбоев Алмазбек Шаршенович 17 сентябри соли 1956 дар деҳаи Арашани ноҳияи Аламудуни вилояти Чуйи Ҷумҳурии Қирғизистон таваллуд шудааст. Ӯ давоми чанд сол Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон ва раиси Ҳизби Сотсиал-демократии ин кишвар буд.

Соли 1980 Донишкадаи идоракунии Москваро аз рӯи ихтисоси инженер - иқтисодчӣ, ташкилоти идоракунии иқтисодиёт хатм кардааст. То вақти роҳбари кишвар интихоб шуданаш дар вазифаҳои гуногуни вазорати алоқаи ҶШС Қирғизистон ва Шӯрои олии ҶШС Қирғизистон кор кардааст. Солҳои 1989-1991 бо нашри китоб ва фурӯши он дар Русия машғул буд.

Аз 30 сентябри 2005 то 24 апрели 2006 вазири саноат, савдо ва туризми ҳукумати Қурмонбек Боқиев (баъдан бинобар норозигӣ аз сиёсати президент ба истеъфо баромад) буд. Ду маротиба номзад ба мақоми Президенти Қирғизистон (2000 ва 2005) пешбарӣ шуда буд. Соли 2007 (аз 30 март то 27 ноябр) сарвазири Қирғизистон таъин шуд, вале дертар ба истеъфо баромад.

Солҳои 2008 - 2009 раиси “Ҳаракати муттаҳидаи Қирғизистон” интихоб шудааст, ки яке аз ҳизбҳои мухолифи ҳукумат буд. Баъд аз сарнагун шудани ҳукумати Президент Қурмонбек Боқиев (моҳи апрели соли 2010 то 31 декбри 2011) дар мансаби муовини аввал ва баъдан сарвазири Ҷумҳурии Қирғизистон (дар давраи ҳукумати Роза Исаковна Отунбаева) кор кардааст. Рӯзи 30 октябри соли 2011 дар интихобот ғолиб баромада, Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон (аз 1.12.2011) таъин шудааст. Ӯ дар ин вазифа то соли 2017 кор кард.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД