Мардуми тоҷик одати аҷибе доранд. Ба ягон ҷуфти ҷавн дуои нек додан хоҳанд, ҳатман даст сӯйи само бардошта мегӯянд: “Худоё ҳаётатон асал барин ширин шавад!”
Албатта ин дуои пиронслон як ҷаҳон ҳикмату маънӣ дошта, мақсадаш аз офаридгор талаб кардани зиндагии ширини оилавӣ барои навхонадорон аст, вале ҳамзамон то кадом андоза ширин ва дилписанд будани асалро ифода менамояд. Имрӯз мо ба шумо дар бораи як марди “асалӣ” қисса мекунем.
Атоулло Ибодуллоев умрашро сарфи асал намудааст, то ҳосили заҳматаш коми дигаронро ширин гардонида, ба дарди садҳо маризон даво шавад. Ин инсони меҳнатқаринро метавон “марди асалӣ” номид, зеро умре бо асал сару кор дорад, яъне занбӯрпарвар аст. Парвариши занбӯри асал ба назар як кори оддӣ намояд ҳам, дара асл душвориҳои зиёде дорад ва на ҳар кас аз ӯҳдаашмебарояд. Хушбахтона, солҳои охир ин соҳаи нозук ва сердаромад дар кишвари мо рушд намуда истодааст ва дар шаҳру навоҳии мухталиф занбурпарварони асил пайдо шуда истодаанд. Яке аз чунин занбурпарварони моҳир акои Атоулло Ибодуллоев мебошад, ки дар шаҳри Истаравшан бо парвариши занбӯри асал машғул буда, таҷрибаи бой дорад.
- Чанд сол аст, ки бо занбӯрпарварӣ машғулед?
-Аз соли 1982 ин тараф бо парвариши занбӯри асал машғулам. Ман ин касбро аз бачаи холаам, ки занбӯрпарварӣ қадимиянд, омӯхтам. Ҳар боре, ки ба воситаи мошини ман занбӯрҳоро ба инҷову он ҷо мебурдем, дар бораи нозукиҳои занбӯрпарварӣ мепурсидам, аммо росташро гӯям, дар дил аз неши занбӯр каме тарсу тарс доштам. Билхира, бо ташвиқи он кас ҳамин пешаро интихоб намудам ва инак 42-сол мешавад, ки туфайли парвариши занбӯри асал зиндагиамро пеш мебарам.
- Муҳимтарин сирри занбӯрпарварӣ чист?
- -Аз ҳама муҳимаш дар занбӯрпарварӣ ин тозагӣ аст. Занбӯрҳо ифлосиро дӯст намедоранд. Занбӯрпарвар бояд ҳам зоҳиран ва ҳам ботинан худро пок нигоҳ дорад. Ба ғайр аз ин, занбӯрпарвар бояд мушоҳидакор бошад ва пай бурда тавонад, ки байни занбӯрҳо чӣ тағйироте рӯҳ додааст. Оё онҳо ба ягон беморӣ гирифтор нашудаанд, шамол нахӯрдаанд ё гурусна нестанд? Занбӯрпарвар, агар ин нозукиҳоро надонад, занбӯрҳо умри дароз намебинанд.
- Занбӯрҳо чӣ мехӯранд?
-Асосан шарбати гулу гиёҳҳоро мехӯранд, вале барои гурусна намондани занбӯрҳо мо ба онҳо аз шакар шарбатҳои махсус омода карда медиҳем. Ба хотири зиндаву саломат мондани занбурҳо ҳамчунин дорувориҳои тавсия шударо дар вақт- вақташ медиҳем, то ки занбӯрҳо солим монда, афзоиш ёбанд.
- Кадом навъҳои занбурро парвариш мекунед?
- Ман аслан се навъи занбӯр дорам "карпатка", "карника" ва "вастак" ки ҳамагӣ ба иқлими Тоҷикистон мувофиқанд ва ҳосилнокии хуб доранд.
- Дар фасли сармо занбӯрҳо чӣ гуна зиндагӣ мекунанд?
-Ояндаи занбӯрро тирамоҳ ҳал мекунад. Занбӯрпарвар дар ин фасл занбуроро хуб нигоҳубин карда, бо хӯрока таъмин кунад, то фасли баҳор хуб зиндагӣ мекунанд. Хонаи занбӯр бояд дар фасли сармо низ ҳарорати мӯътадил дошта бошад, яъне 36°С. Занбӯр аз ғизое ки мехӯрад қувват гирифта, аз худ гармӣ мебарорад. Барои ҳамин дар тирамоҳ занбӯрро нағзакак бо хӯрока таъмин кардан лозим аст, ки то баҳор зинда монанд.
-Рост аст, ки занбӯрҳо ҳам қаҳр мекунанд?
-Бале, занбӯрҳо қаҳр мекунанд. Занбӯрпарвар, агар занбӯрро хуб нигоҳубин накунад, қаҳр карда, парида мераванд. Барои ҳамин, агар сафашон зиёд шуда бошад, онҳоро ба хонаҳои дигар гузаронидан лозим аст. Занбӯрҳо, агар дар хонаашон нағунҷанд, ба дигар ҷо рафта худашон хона мекунанд ва барои худашон аз ҷинси худ малика месозанд, ки вазифааш тухм гузоштан аст. Маликаро бо шири махсуси занбӯр парвариш мекунанд. Ҳамин тавр то моҳи октябр ноябр тухм мегузоранд.
-Магар занбӯр ҳам шир дорад?
- Ҳамагон фикр мекунанд, ки занбӯр танҳо асал медиҳад,вале дар асл занбӯр ғайр аз асал, ҳамчунин шир, гард ва ҳатто заҳр, (мо намегирем зеро таҷҳизоти махсус талаб мекунад) праполис дорад, ки ҳамагӣ хусусияти шифобахшӣ доранд. Шири занбӯр бениҳоят камёфт буда, арзиши баланд дорад. Шири занбӯр мисли дигар навъҳои шир сафед ва ба бисёр бемориҳо даво мебошад. Албатта ин мӯъҷизаи Худованд аст.
-Мегӯянд занбӯр вақте ба инсон неш мезанад, мемирад. Оё ин гуфтаҳо ҳақиқат доранд?
-Худи занбӯр баъди он ки ба одам неш мезанад, вориди хонааш намешавад. Неш барои занбӯр яке аз узвҳои муҳимтарин ба ҳисоб меравад. Вай пас аз он ки неш мезанад, дар як ҷо давр мезанаду -давр мезанад ва ҳалок мешавад. Занбӯрҳо боз як хусусияти дигар доранд, ки занбӯрҳои бегонаро вориди хона шудан намегузоранд, зеро онҳо ҳамдигарро аз бӯяшон фарқ мекунанд. Дилхоҳ занбӯре, ки наздик ба дарвоза аст, занбӯри бегонаро ба хонааш намемонад. Занбӯрҳо он қадар тозакоранд, ки ҳатто ахлоташонро берун аз хона мекунанд. Онҳо ғизоро то шом ҷамъ намуда, баъдан онро мехӯранд ва қариб 70 -маротиба қай мекунанд, ки дар натиҷа асали тозаи шифобахш ҳосил мешавад. Аҷоибаш дар он аст,ки онҳо вазифаҳои махсуси худро доранд, масалан, агар бархе ба "кӯдак" (занбӯр дар назар аст) парасторӣ кунанд, бархи дигар барои чидани гард мераванд ва як гурӯҳашон ба Малика нигоҳубин мекунанд.
- Ба занбӯрпарварони навкор чӣ тавсия медиҳед?
-Пеш аз ҳама ба тозагӣ хуб риоя кунанд. Занбӯрҳоро бе ғизо нагузоранд. Кӯшиш кунанд, ки нафъашон ба давлату миллату ҷамъият расад. Дар ҷойҳои кушод онҳоро гузоранд, то гулҳоро хуб гардолуд карда, нафъашон ба дигарон низ расад.