Гулноза аз рӯи ихтисос омӯзгор бошад ҳам, дар телевизиони кӯдакону наврасони “Баҳористон” ба ҳайси баранда кор мекунаду феълан дар филми сертамошобини “Хусури ман” нақши марказӣ- Зайнаб духтари Ҳайталиро бозӣ мекунад.
Нафарони зиёде ба идораи мо занг зада, дар бораи кору фаъолият ва зиндагии шахсии Гулноза пурсон мешаванд. Инак, суҳбати хабарнигорамонро бо ин ҳунарпешаи ҷавон манзури шумо мегардонем.
-Чаро шуморо Гулнозаи Булбул мегӯянд?
-Чунки насабам Булбуловна аст. Баъдан худам хостам, ки дар титрҳои барнома маро ҳамчун Гулнозаи Булбул муаррифӣ намоянд.
-Кӯдакии шумо чӣ гуна гузаштааст? Мегӯянд зиёд азоб кашидаед?
-Азобҳои ман танҳо дурӣ аз модар буд. Дар оилае калон шудам, ки падару модари ман будан ё набуданашонро эҳсос намекардам. Вақте калон шудаму дар синфи 7-ум мехондам, фаҳмидам, ки модари аслиям дигар кас аст.
-Кӣ инро аввалин шуда ба шумо гуфт?
-Дар синфи 4-ум мехондам, рӯзе як ҳамсоя ба ман гуфт, ки модари аслиат туро кофтанӣ омадааст. Ҳайрон шуда, аз модарам пурсидам, ки ин гап рост аст. Модарам гуфт, ки ба ин гапҳо бовар накунам. Баъдан ҳақиқат доштани ин гапро баъди се сол аз даҳони ҳамсинфонам шунидам.
-Вақте бори аввал модари аслиятонро дидед, чӣ эҳсос доштед?
-Он ҳиссиётро иброз карда наметавонам, хушбахтӣ аз ин зиёд намешавад.
-Имрӯз модаратон ҳамроҳи шумо зиндагӣ мекунад?
-Бале, шукр имрӯз модарам ҳамроҳи ман аст.
- Феълан ҳам дар телевизион кор мекунед, ҳам дар академия мехонед ва ҳам дар филми “Хусури ман” нақш бозӣ мекунед. Барои анҷом додани ин қадар кор чӣ хел вақт меёбед? Магар душвор нест?
-Вақте инсон шавқ дошта бошад, ягон мушкилӣ садди роҳи ӯ шуда наметавонад.
-Шуморо ҳамчун қаҳрамони марказӣ дар филми сертамошобини “Хусури ман “ чӣ гуна интихоб карданд?
- Дар саҳифаи Инстаграм бо дугонаам Фараҳнози Ҷамшед акси ҳамроҳ гирифтаамонро “сториз” кардем. Фараҳноз, ки дар филми “Ишқ, пул, Душанбе” нақш офарида буд, сторизи ӯро тасодуфан Набиҷон Пирматов, муаллиф ва коргардони силсилафилми “Хусури ман” дидааст. Баъдан, акои Набиҷон маро ба кастинг даъват карданду баъди аз имтиҳон гузаштан, яке аз нақшҳои марказиро ба ман бовар карданд.
-Баъди дар филми “Хусури ман” нақш офаридан шуморо ба ягон ролик ё филм даъват карданд?
-Хеле зиёд барои сабти роликҳо даъват мекунанд, вале намехоҳам айни ҳол дар ягон ролик нақш офарам. Мехоҳам зиёдтар дар филмҳо нақшофарӣ кунам.
-Агар ҳамсари ояндаатон барои давом додани касбу коратон розӣ нашавад, тарки саҳна мекунед?
-Асос барои ман хушбахтии оилавӣ аст. Ҷойи саодати оилавиро на пул гирифта метавонад, на кору вазифаву ягон чизи дигар.
-Дар оянда худро ба сифати кӣ муаррифӣ карданиед: актриса, журналист ё дипломат?
-Вақте фаҳмидам, ки модари аслии ман дигар кас асту маро монда рафтааст, дар ҷустуҷӯи модари аслиям шудам. Аз ҳамон вақт дар дилам шавқи журналист шудан пайдо шуд. Фикр мекардам, ки агар дар телевизион баромад кунаму модарам маро дида шиносад, ба суроғи ман меояд. Аз синфи 7-ум, санаи 12-уми апрел дар телевизиони “Баҳористон” ба ҳайси баранда ба кор шуруъ кардам. Касби журналистиро дӯст медорам. Бо кӯдакон кор кардану сӯҳбат кардан хеле ҷолиб аст.
-Дар оянда чӣ “сюрпризҳо” мухлисонро интизор аст?
-Нақшаҳо хеле зиёд ҳастанд, вале мехоҳам, ки махфӣ монанд. Он гоҳ “сюрприз”-и ҳақиқӣ мешавад.
Мусоҳиб: Меҳроншоҳ Усмонзода