Латифа дар оила духтари кенҷа буд. Наздикон тамоми нозу нузашро мебардоштанду гапашро дар замин намегузоштанд. Баъди хатми донишгоҳ фаъолияташро дар боғчаи бачагона оғоз намуд. Аз сабабе, ки факултаи филологияи русро хатм карда буд, забони русиро об барин медонист. Шояд ҳамин сабаб шуд, ки дар боғча мартабааш ба зудӣ боло баромад.
Ба кам будани таҷрибааш нигоҳ накарда, мудир ӯро ёрдамчии худ таъин намуд. Дар муддати кӯтоҳ беҳтарин коргар ҳам шуд. Акнун ҳам ба кӯдакон дарс медоду ҳам бо ҳуҷҷатҳои боғча сару кор дошт. Бо зиёд шудани уҳдадориҳояш маошаш ҳам баланд шуд. Минбаъд метавонист баҳузур як оилаи калонро хӯронаду пӯшонад.
Эркадухтар
Синни Латифа ба бисту ҳафт расида бошад ҳам, намехост шавҳар кунад. Аммо бо дидани ҷавондухтари бо саводу пулёб хостгорҳо паи ҳам меомаданд. Латифа бошад, фақат ҷавоби рад медод. Падару модараш чизе гуфта натавониста, дарун-дарун месӯхтанд. Аз байн як соли дигар гузашт. Латифа ошиқи марде шуд, ки 35-сола буд. Падару модараш асло ба ин издивоҷ розӣ набуданд, вале Латифа аз гуфтаи худ намемонд. Дар муддати кӯтоҳ тӯй барпо намуданд. Шавҳараш дар хориҷа кор мекард, вале касбу корашро касе намедонист, ҳатто Латифа ҳам. Аз байн солҳо гузашта, Латифа соҳиби як писару як духтар шуд. Шавҳараш аз хориҷа гоҳ дар ду моҳ, гоҳ дар се- чор моҳ ва гоҳ дар шаш моҳ меомад. Латифа мудир шуду кору бораш боз ҳам бисёртар шуда буд. Ба ҳамаи ин нигоҳ накарда, дар тарбияи фарзандонаш сахт меистод. Бонуи серкор бошад ҳам, ба хонаи модар тез-тез меомад. Ва ҳар боре, ки ояд, бо як баҳона ҷангу ҷанҷол карда мерафт. Шояд хастагиашро бо доду фарёд мебаровард. Падару модараш танҳо зиндагӣ мекарданду бародаронаш хонаҳои алоҳида доштанд. Додараш бошад, оилаашро гирифта, ба Россия кӯч баста буд.
Марги модар
Солҳо мегузаштанд, рӯз то рӯз Латифа инҷиқ мешуд. Дар кор бо ҳамкорон, дар хона бо фарзандон забон намеёфт. Шавҳараш аз хориҷа дер-дер меомад. Латифа дар ҳамин ҳам модарашро айбдор мешуморид. “ Ту набояд маро ба ӯ медодӣ”,–гуфта мегирист Латифа. Модар бошад, дарун ба дарун месӯхт. Билохира, Латифа кори дӯстдоштаашро партофта, ба назди шавҳараш рафту чанд муддат дар ҳамон ҷо зиндагӣ кард. Вале дере нагузашта, шавҳараш бо тӯҳмат зиндонӣ шуд. Латифа бошад, дар арафаи зоидани фарзанди сеюмаш буд. Бо чашмони пур аз ашк ба ватанаш баргашт ва севумин фарзандашро ба дунё овард. То баромадани чиллааш дар хонаи модараш зиндагӣ кард ва ба хонаи худ баргашт. Ба зиндон афтидани шавҳараш ба рӯҳияи ӯ таъсири сахт расонида буд. Ҳеҷ худро ба даст гирифта наметавонист. Боз дарду алами худро дар назди модараш холӣ мекард. Модар бошад, танҳо ашк мерехт. Рӯз то рӯз аҳволи Латифа бадтар мешуд. Доим парешонҳолу мушавваш мегашт.
Дере нагузашта, модараш аз олам гузашт. Марги модар ба рӯҳияи Латифа боз таъсири манфӣ гузошт. Кору бораш фақат гиря буд. Дар марги модар худро гунаҳкор медонисту ҳеҷ ба худ омада наметавонист. Бо ҳар баҳона бо атрофиёнаш ҷанг мекард. Рӯзҳову моҳҳо мегузаштанд, ҳоли Латифа бадтару бадтар мешуд.
Азоби виҷдон
Рӯзе писараш доду войкунон бозӣ мекард. Латифа бошад, кӯдаки хурдиашро мехобонид. Вале кӯдак ҳеҷ хоб намерафт. Аз як тараф овози гиряи кӯдак, аз ҷониби дигар доду войи писари калонияш асабашро пурра хароб намуд. Латифа чӣ карданашро надониста, аз ҷой бархесту дод зада, бо корди рӯи миз писарашро тарсонданӣ шуд. Аммо нӯги корд ба дасти писараш расида, аз ҷои ҷароҳат хун рафт. Кӯдак дар гаҳвора чирросзанон мегирист. Латифа бошад, бо дидани хун доду вой бардошта, дар охир аз ҳуш рафт. Вақте ки чашм кушод, дар беморхонаи касалиҳои рӯҳӣ буд. Ӯро бародаронаш бо тавсияи духтурон ба он ҷо бурда буданд.
Латифа дувоздаҳ рӯз дар беморхона қарор дошт. Дар он ҷо бисёр азоб кашид. Беморон ӯро зада, аз мӯйҳояш кашола мекарданд. Вале Латифаро бисёртар азоби виҷдонаш ғам медод. “Кӣ будаму кӣ шудам” гуфта, зор-зор мегирист. Вақте ки бародаронаш ба хабаргирӣ омаданд, илтимос кард, ки ӯро дигар дар он ҷо намонанд. То ба хона расидан гиря карда, ба бародарон ваъда дод, ки минбаъд худро ба даст мегирад. Ӯро рост ба хонаи модарашон оварданд, то ки ҳамроҳи падарашон зиндагӣ кунад. Аммо Латифа ба хонаи худ баргаштан хост. Аз афташ ҳам маълум буд, ки худро ба даст гирифтааст. Дигар ӯ Латифаи пешина набуд.
Апааш омада, бо падараш фарзандони ӯро нигоҳубин мекард. Писару духтари калонияш дар мактаб буданду кӯдакаш дар гаҳвора мехобид. Латифа аз апааш хоҳиш кард, ки кӯдакашро аз гаҳвора кушода диҳад, то ба хонааш баргардад. Худ бошад, ба ҳавлӣ баромада, ҷониби ҳоҷатхона рафт. Апааш кӯдакро аз гаҳвора кушода, либосҳояшро пӯшонд, вале аз Латифа хабар набуд. Аз байн ним соат гузашт. Бародараш хавотир шуда, ба ҳавлӣ баромада, ӯро наёфт. Фарзандонаш ҳам аз мактаб омаданд. Падару писар Латифаро кофтанд, вале наёфтанд. Дар охир падар гӯё чизеро ҳис карда бошад, бо дидаи пур аз ашк ба писараш болохонаро ишора кард. “Не, не падарҷон. Ин номумкин аст, номумкин!”–гуфта, бародараш бо шаст ба болохона баромад. Тахмини падар рост баромад, Латифаи 38-сола худро овехта буд.