arzon replenishment
АСРОРИ МАРГИ ҶАВОНИ ДУШАНБЕГӢ ДАР ВАРЗОБ
10594

Варзоб як гӯшаи биҳишт аст дар сарзамини Тоҷикистон, аммо сафари Бегмаҳмад Фозилов ба ин минтақаи гулрезу гулбези кишварамон бо фоҷиаи пур аз дарду ғам анҷом ёфт.

Шоми рӯзи ҷумъа тобути хунини ин ҷавони ормониро пайвандонаш бо дидагони хунбор аз Варзоб ба пойтахт оварданд.

Ин ҷавони 24-сола, ки дар шаҳри Душанбе ба камол расида буд, ҳеҷ гумон надошт, ки Азроил дар симои як ронандаи бепарво дар Варзоб ӯро интизор аст. Риштаи умри Бегмаҳмади ғуррамарг бар асари садамаи нақлиётӣ дар шоҳроҳи Душенбе-Варзоб канда шуд.

Ин ҳодисаи ногувор шоми 4-уми сентябр, тахминан соатҳои 22.30 дақиқа рӯй дода, сокини шаҳри Кӯлоб Орзуев Шарифхон Раҷабалиевичи 28-сола, ҳангоми ҳаракат дар шоҳроҳи Душенбе-Варзоб дар ҳудуди ноҳияи Варзоб Беҳмаҳмад Фозилови 24-соларо бо мошинаш пахш намудааст. Дар натиҷа пиёдагард ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ҷон ба ҷонофарин месупорад.

Ба ҳамин монанд боз як ҳодисаи нохуши автомобилӣ дар Вилояти Хатлон ба вуқуъ пайваста, боиси марги пирамарди 78-сола гашт. Сокини ноҳияи Ҳамадонӣ Юсупов Ҷамшед Саидмаҳмудовичи 27-сола ҳангоми ҳаракат дар мавзеи Дашти гули ҳамин ноҳия аз ӯҳдаи идора кардани автомашинаи тамғаи “Нексия” набаромада, Одинаев Файзуллои солхӯрдаро, ки савори велосипед ҳаракат мекард, пахш мекунад. Велосипедсавори солманд бар асари бардоштани захмҳои зиёди ҷисмонӣ дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.

Тафтишоти ин ду рӯйдоди нохуши автомобилӣ аз ҷониби мақомоти ҳифзи ҳуқуқ идома дорад.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД