Formula novemver 2024
Асрори марги Амина
29.04.2022
Оила
1643

Модараш ба тасодуфӣ будани ҳодиса бовар надорад
Ҷасади як духтараки донишҷӯро бо исми Амина бегоҳи 25- апрел аз дар наздикии деҳаи Заркамари ноҳияи Рӯдакӣ аз зери пули роҳи Душанбе-Бохтар пайдо карда буданд.

Мақомот айни замон сабаби марги Амина Мухторова, донишҷӯйи 17-солаи Коллеҷи техникии Душанберо таҳқиқ карда истодаанд ва эҳтимоли тасодуфан аз пул афтодани ӯро месанҷанд, вале волидони ҷигарсӯхтаи Амина ба тасодуфӣ будани марги ҷигарбандашон шубҳа доранд.
Сафармоҳ Комилова, модари Амина дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфтааст, ки чанд лаҳза пеш аз ҳодиса бо духтараш телефонӣ сӯҳбат дошт.
Амина аз донишгоҳ ба хонаи иҷораашон ба деҳаи Заркамар бармегаштааст, вале ногаҳон нопадид мешавад.


“Лаҳза ба лаҳза ба зангҳо посух медод ва хатти ҳаракаташро бароям мегуфт. Наздикии шом буд. Наомад. Дигар ба зангҳо ҷавоб надод. Касе телефонро хомӯш мекард. Дертар як нафар гӯширо бардошта, гуфт, ки духтаратон дар беморхона аст. Рафтем, ки духтарам фавтидааст," – нақл кардааст модари фарзандгумкарда бо дарду алам. Маълум нест, ки Амина худашро партофтааст ё дар моҳи Рамазон сараш чарх зада афтодааст. Шоҳидон афтиданашро дидаанд, вале прокуратура ҳанӯз ба хулосаи ниҳоӣ наомадааст, ки Амина тасодуфан афтидааст ё касе қасдан ӯро аз пул тела додааст.
Пуле, ки ҷасади духтарро аз зери он ёфтаанд, тақрибан 8-10 метр баландӣ дорад ва аз он ҷо об намегузарад.Аз ҳамин сабаб модари Аминаи ноком- Сафармоҳ Комилова ба фарзияи афтодан ё худашро партофтани духтараш боварӣ надорад.
"Ба ҷуз аз миён, дигар дар ҳеч ҷойи бадани ӯ осеб дида намешуд"-гуфтааст ин модари зор.
Аз рӯйи гуфти модараш, Амина он рӯз хеле хурсанд буда, вақти занг заданаш дар садояш ягон хастагӣ эҳсос намешудааст.
“Барои мо муаммо аст, ки чаро се соат пас ба зангҳои мо дар телефони духтарамон посух доданд. Ҳарчанд ҳамон лаҳза ӯро бо телефонаш пайдо карда буданд..." – гуфтааст Сафармоҳ Комилова.
Волидони Амина аслан аз деҳаи Деҳмалики ноҳияи Варзоб буда, як сол боз дар ноҳияи Рӯдакӣ иҷоранишин будаанд. Модари Амина мегӯяд, ба хотири таҳсили духтараш ба ҷойи наздиктар ба макони таҳсили ӯ кӯчида буданд, вале афсӯс, ки умр ба Амина вафо накард...

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД