Arzon march 2024
Асрори “Арӯсӣ”-и Қобилҷони Зариф
1234


Қобилҷони Зариф аз зумраи он ҳунармандони ангуштшуморест, ки вижагиҳои худро доранд. Қобилҷон сабку услуби хоси худро дошта, таронаҳояш ба зудӣ ба дил менишинанд ва вирди забони хурду калон мегарданд.

Ин ҳунарманди асл ду рӯз қабл таронаи навашро бо номи “Арусӣ” дар Ютуб-канали “Панҷшер-медиа” пешкаши ҳаворони савту наво гардонд. Ин клиптаронаи ҷаззобро дар муддати ду шабонарӯз зиёда аз 65 ҳазор нафар тамошо кардаанд.

Клип аз рафти як тӯйи арӯсӣ ба навор гирифта шуда, Қобилҷони Зариф аз пешонии арӯс мебӯсад ва дастонашро сӯйи само бардошта, ба гуларӯсак дуои нек медиҳад.

"Тавре ки худи Қобилҷони Зариф зимни сӯҳбат бо кормандони сомонаи “Оила” қайд намуд, ин клиптарона аз тӯйи арӯсии духтари худашон Кимиёбону ба навор гирифта шудааст."

Ёдрас мешавем, ки Қобилҷони Зариф падари се фарзанд буда, моҳи июни соли равон духтари ягонаашон Кимиёбонуро ба хонаи бахташ гусел карданд. Клипи “Арӯсӣ” аз рафти тӯйи арӯсии Кимиёбону ба навор гирифта шудааст.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД