toyota motors
Қаср сохтиву хонаи дилро вайрон кардӣ...
100

Собир ҳафт сол дар Русия мардикорӣ кард. Шабҳо хоб накард, дар хунукиҳо хишт чид, ош нахӯрду нону пиёз хӯрд, то дар деҳа як қасри дуошёна созад.

Ҳар моҳ пул мефиристод ва ба занаш Малоҳат мегуфт:

- Сабр кун, занак, қасрро тамом кунам, меоям, шоҳона зиндагӣ мекунем.

​Пас аз ҳафт сол Собир бо сари баланд ба деҳа омад. Қаср тайёр, бо дарвозаҳои оҳанин, бо гилемҳои қиматбаҳо, бо чилчароғҳои дурахшон. Собир вориди хона шуд, вале...

​Писарчааш, ки вақти рафтани ӯ яксола буд, ҳоло ба ӯ мисли як амаки бегона нигоҳ мекард. Ӯро дада намегуфт, балки аз ӯ метарсид.

Малоҳат, ки ҳафт соли ҷавониашро дар интизорӣ гузаронида буд, дигар он шӯхиву хандаро надошт. Ӯ Собирро на бо меҳр, балки бо як хастагии амиқ пешвоз гирифт.

Собир дар миёни азизон нишаст, вале дилаш ях баста буд. Ӯ фаҳмид, ки деворҳои қасрро бо пул сохтан мумкин аст, вале меҳри падар ва ишқи занро дар мағоза намефурӯшанд.

​Собир ба Малоҳат гуфт:

- Бин, чӣ хел хонаи зӯр сохтам.

Малоҳат оҳиста ҷавоб дод:

- Собирҷон, ту барои ин хиштҳо хафт соли умратро додӣ, ман бошам, ҳафт соли ҷавониамро. Бачаат бе падар калон шуд, ман бе сояи мард пир шудам. Ҳоло мо қаср дорем, вале дил надорем. Ин деворҳои сард маро гарм намекунанд.

Қаср сохтӣ, лек дилро хонавайрон кардаӣ,

Умри худ дар ғурбату дар банди ҳиҷрон кардаӣ.

Пул биёмад, лек рафт он шӯхиву он хандаҳо,

Ҷавониро қурбони хишту нардбон кардаӣ.

​Ин қисса дарди миллионҳо тоҷик аст. Мо барои моли дунё ҳоли дунёро фаромӯш кардаем.

Пул меояд ва меравад, вале лаҳзаҳои калон шудани фарзандат ҳеҷ гоҳ барнамегарданд.

​Як хонаи хоксоронаи пур аз меҳр беҳтар аз қасри боҳашаммати холӣ аст.

Шаҳлои НАҶМИДДИН

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД