arzon replenishment
ҚАСОС: ҶАВОНИ 17-СОЛА АЗ ПАНҶШЕР 15 ТОЛИБРО БА ҚАТЛ РАСОНИД!
10371


Ҷавоне аз Панҷшер ба гурӯҳе аз сарбозони Толиб ҳуҷум карда, 15 нафарашро ба қатл расонидааст.

Шоҳидони ҳодиса мегӯянд, ки ин ҷавони 17 сола бо нидои “Аллоҳу акбар” дар роҳ бо як гурӯҳ сарбозони толиб ҳуҷум карда, бо автомати “Калашников” 15 нафари онҳоро кушт ва баъдан ба тарафи кӯҳ фирор кард.

Пас аз ин ҳодиса гурӯҳе аз толибон ба деҳае ки ин ҷавон зиндагӣ мекард, рафта 8 тан аз ҳамдеҳагони ӯро, ки аз хешовандони маршал Фаҳим буданд, ба қатл расонидаанд.

Мувофиқи баъзе сарчашмаҳо ин ҷавон аз қавмҳои Маршал Қасим Фаҳим мебошад, вале писари Қасим Фаҳим-Адиб Фаҳим дурустии ин хабарро рад кардааст.

Қасим Фаҳим пас аз марги Аҳмадшоҳи Масъуд 9-уми сентябри соли 2001 роҳбарии Ҷабҳаи Муқовимати Миллии Афғонистонро ба ӯҳда гирифт, ва бо кӯмаки нерӯҳои хориҷи “Толибон”-ро шикаст дода буд.
Қасим Фаҳим аввалин маршали Афғонистон аст, ки ин унвонро ба сабаби ғалаба дар муқовимати аввал соҳиб шудааст.

Феълан “Толибон” ҳукумати навтаъсиси худро эълом доштанд, ки ба ақидаи коршиносон кулли аъзоёни ҳукумати нав террористони сатҳи ҷаҳониянд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД