Дунё аҷиб аст. Майдони набард вобаста ба шароити мубориза аслиҳа ва қаҳрамонони хоси худро дорад. Дар давраи ҶБВ артиши миллат дар майдони хатар бо яроқ баҳри ҳифзи марзу бум ва халқи худ меҷангид, имрӯз бошад дар ин майдони хавф духтурон қарор доранд. Аслиҳа ин сарсупурдагони миллат сӯзандоруи онҳост.
Вазъи имрӯза ҳақиқатан мисоли майдони ҷанг ҳаст. На ҳар ҷанговар ҷуръати дар ин майдон баҳри нест кардани ин вируси аждаҳорсифатро дорад. Баъзе аз табибон, бахусус ҷавондухтурон бо ҳар баҳона ру ба гурез ниҳоданду дар фикри ҷони худ ҳастанд. Аммо дар баробари ин кам нестанд пизишконе, ки шабро шабро шаб, рӯзро рӯз нагуфта дар хизмати халқанд. Дар навори видеоӣ дидем, ки чӣ тавр духтури ҷонфидои тоҷик пойафзоли табибро болои сар дохтаасту, ба он сари таъзим фуруд овард. Аз тамошои он навор ва дидани ашки ҷонгудози он духтури ҷавон ҳар бинанда гулӯгир мешавад. Он духтури ҷавон гила аз он дорад, ки пизишкони ҷавони тарсу дар ин давраи сангин, ки халқ ба хизмати онҳо ниёз дорад, майдони наҷоти халқро тарк карданду дар хонаҳояшон пинҳон шудаанд. Он ҷавондухтур табиби солхурда бо исми Раҳматқулро муаррифӣ намуд. Раҳматқули солхурда ба синну солаш нигоҳ накарда, дар моҳи шарифи Рамазон рӯза гирифтааст, бар замми ин 4 рӯз боз ба хонааш нарафтаасту аз 96 соат ҳамагӣ 8 соат хобидааст. Ӯ расо 88-соат дар хизмати беморон буд. Ҳол он, ки ӯ хуб медонад, ки коронавирус бештар ба калонсолон хавф дорад. Раҳматқул ба қасами гиппократии худ садоқату вафодорияшро нишон дод. Давраи набард бо COVID-19 худ қаҳрамононро муайян мекунад.
Барои духтурони шаҳру навоҳии дурдасти Тоҷикистон миллион маротиба ҳам офарин хонем кам аст, чунки беморхонаҳо бо таҷҳизоти зарурӣ муҷаҳаз нестанд. Дар сӯҳбат бо табибон маълум шуд, ки ҳатто воситаи муҳофизати шахсӣ ( средства индивидуальной защиты) надоранд. Аммо ба ин нигоҳ накарда, дар хизмати беморон ҳастанд. Шароити беморхонаҳои пойтахт дар муқоиса ба беморхонаҳои дигар минтақаҳои дурдаст беҳтар ҳаст.
Барои сабук кардани кори пизишкон ҳамагон бояд саҳмгузор бошем. Барои пеши роҳи сирояти бемориро гирифтан, дар хонаҳоямон бинишинем ва қоидаҳои ҳифз аз сироятёбиро риоя кунем.