Саидмурод Ибронов, бародари калонии воизи шинохтаи тоҷик Ҳоҷӣ Мирзо Ибронов, рӯзи 1-уми октябр дар синни 56-солагӣ дар шаҳри Душанбе аз олам даргузашт. Наздикони рӯҳонии маъруф гуфтаанд, ки Саидмурод Ибронов соати тақрибан 12:30 бар асари сактаи қалб вафот карда, маросими намози ҷанозааш соати 16:30 дар масҷиди Сариосиё баргузор шудааст.
Ҳоҷӣ Мирзо Ибронов яке аз маъруфтарин воизони тоҷик аст, ки бо мавъизаҳои пурбораш дар масоили фиқҳиву шаръӣ ном баровардааст.
Ҳоҷӣ Мирзо то соли 2012 имомхатиби масҷиди ҷомеи «Ҳилоли Аҳмар” дар шаҳри Кӯлоб буд ва ин масҷид ба далели маҳорати имомаш дар он даврон ҳар намози ҷумъа то 5 ҳазор намозгузорро аз шаҳри Кӯлобу минтақаи Кӯлоб ва ҳатто аз гӯшаҳои дигари Тоҷикистону берун аз он гирд меовард.
Баъди аз мақоми имоматии ин масҷид барканори шудани Ҳоҷӣ Мирзо масҷиди «Ҳилоли Аҳмар” дигар маъруфияти қаблиашро аз даст дод ва сафи намозгузоронаш низ асосан бо сокинони маҳаллаи атрофи он маҳдуд шуд.
Бознашр аз Пресса. ТЧ