Муроҷиати дардолуди сокини шаҳри Турсунзода Малика Қувватова моро водор намуд, ки ба суроғи ин оилаи камбизоат биравем. Ин зани бетолеъ дар як хобгоҳи умумӣ зиндагӣ карда, ду фарзанди беморашро ба танҳоӣ парастроӣ менамояд. Шавҳараш 17-сол пеш аз бемории саратон аз олам гузашта, ин зани бетолеъ бо ду писари дугоникаш дар нимароҳи зиндагӣ танҳову зор мондааст. Ҳасан ва Ҳусейн аз модар бемор ба дунё омада, ҳарду касалии саръ, яъне эпилепсия доранд. Модар дар муддати 20 сол сарашро ба сад дар зада бошад ҳам, то ба имрӯз ба дарди писаронаш даво ёфта наметавонад...
Ҳусейн бар замми касалии эпилепсия доштанаш боз маъюб буда, як дасташ иллати модарзодӣ дорад. Одамони бераҳме ҳастанд, ки ба ҳоли ин бачаи маъюб хандида, дар кӯчаву пасткӯчаҳо Ҳусейнро мазоқу масхара мекунанд, мезананд ва озор медиҳанд. Таҳқири атрофиён ба ин ҷавони бемор хеле сахт расида, аллакай чанд бор қасди худкушӣ намудааст. Апаи Малика намедонад кор карда фарзанднашро хӯронад ё аз паси писари бемораш назорат бурда истад, то ки Ҳусейн марги мӯш я гон заҳри дигарро фурӯ бурда худкушӣ накунад....
Фарзандонаш бемор бошанд ҳам, модар мехоҳад қарзи инсонии худро иҷро карда, сари онҳо ҷуфт намояд. Апаи Малика орзу дорад, ки ду духтараки мисли писаронаш ягон иллат доштаро ба Ҳасану Хусейн келин кунад, аммо барои ин кор маблағ надорад. Аз тарафи дигар манзили онҳо дар хобгоҳи умумӣ ҷойгир буда, ҳамагӣ аз як ҳуҷра иборат аст ва ягон имконияти дар ин як ҳуҷраи хурдакак келин фаровардан мавҷуд нест.
Умедворем, ки муштариёни сомонаи Оила нисбати тақдири ин зан ва писарони бемораш батараф намонда, дар ҷуфт кардани сари Ҳасан ва Ҳусейн ба апаи Малика ёрӣ мерасонанд, зеро издивоҷ намудан фармудаи Худо ва суннати пайғамбар буда, касоне, ки дар ин кри хайр саҳми худро мегузаронад, савоби бузурге насибашон хоҳад гашт.
НАФАРОНЕ, КИ БА ИН ОИЛАИ НИЁЗМАНД ХАЙР КАРДАН МЕХОҲАНД, БА РАҚАМҲОИ 919-48-91-98 ЗАНГ ЗАНАНД Ё БА РАҚАМИ КОРТИ 5058270420133380 (БОНКИ ЭСХАТА) ИНТИҚОЛ НАМОЯНД! КОРТИ БОНКИ БА РАҚАМҲОИ ТЕЛЕФОНИ МАЛИКА ҚУВАТОВА ПАЙВАСТ АСТ!