Ҳасани Чилла кайҳо бо ҳазлҳои намакинаш дар дилу дидаи мардум маъво гирифтааст. Мо бо ин ҳаҷвнигори машҳур оид ба даъвояш бо блогери солманд Бобои Қанд, барпо накардани консерт бо гурӯҳи “Ғарибшо-компания” ва сабаби намоиш надодани саҳначаҳои ҳаҷвии ин ширинкор дар телевизион суҳбати ошкоро доштем ва инак фишурдаи онро манзури шумо менамоем.
- Хуш омадед ба идораи сомонаи Оила.ТҶ!
- Ба сомонаи “ОИЛА”,
Омад Ҳасани Чилла,
Бе ягон макру ҳилла,
Хурсанд мекунем ҳар дила.
Саломат бошед. Хушбахт ҳастам, ки шумо маро барои мусоҳиба таклиф кардед. Барои эҳтироматон ташаккур!
- Дар як навор Бобои Қанд ном блогер, ки муаллифи “Уқа гуноҳе нестай” будааст, даъво мекунад, ки барои ин шеър бо Ҳасани Чилла ҷанг мекунам. Баъзеҳо мегӯянд, ки барои ин суруд ҳардуятон дастбагиребон шудаед. Рост аст?
- Ман шахсан худам ҳамон наворро надидаам, баъд дӯстонам гуфтанд, ки Бобои Қанд шуморо ҳамин хел гуфтааст. Бо гузашти чанд вақт рӯзе дар даруни мошин будам, ки дар назди як беморхона Бобои Қандро дидем. Ҳамроҳонам гуфтанд, ки биёед фаромада як Бобои Қандро бинем. Ман гуфтам, ки имрӯз барои суҳбат бо Бобои Қанд вақт надорам, ягон рӯзи дигар. Онҳо шӯхӣ карда гуфтанд, ки метарсӣ?
Хулласи гап, ду ҳамроҳам ба Бобои Қанд маро нишон дода, гуфтанд, ки ҳамин бачая шинохтӣ? Бобои Қанд маро дидан баробар “фаро- фаро, ман туро кофта истодаам” гуфт. Вақте фаромадам, маро ба оғӯш гирифт. Баъд ман ҳамонҷо як шеъри дигар гуфтам:
Бобои Қанд маладесай,
Гапҳои хуб гуфтестай.
Кам - кам гиря кардестай,
Уқа гуноҳе нестай.
Онҷо мо бо ӯ хеле ҳазлу шӯхиҳо кардем.
- Шумо дар сурудҳоятон бисёриҳоро мавриди ҳаҷв қарор медиҳед. Шудааст, ки барои суруди хондаатон бо касе ҷангу ҷанҷол карда, мушту лагад хӯрда бошед?
- Не, ин гуна ҳодиса то ҳол рух надодааст, ҳатто боре ҳам касе хафа нашудааст.
- Шумораи шахсоне, ки нони Ҳасани Чилларо нимта кардан мехоҳанд, торафт зиёдтар шуда истодааст. Мегуфтед, ки рақиби асосии шумо кист?
- Ман дар соҳаи ҳаҷв рақиб надорам ва касеро ҳам рақиби худ намешуморам. Роҳу равиши ман дигар аст. Ман худам менависам, худам эҷод мекунам, худам нақш меофарам. Мавзӯи ҳаҷвам дигар аст. Ман зиёдтар дарди мардумро ба воситаи ҳаҷв мегӯям, масалан дар бораи қиммат шудани нархи таксӣ, бебарқӣ ё чизе, ки дарди мардум бошад.
- Як вақтҳо бо ҳаҷвнигорони “Ғарибшо-компания” ҷӯраи ҷонӣ будед, вале баъд робитаи эҷодиатон якбора қатъ гашт. Агар махфӣ набошад, сабабашро мегӯед?
- Ман то ҳол бо ҳамаи онҳо дӯст ҳастам ва дар маҳфилҳо бо ҳам вомехӯрем. Танҳо бо ҳам нақш бозӣ намекунем. Онҳо вақтҳои охир вақт надоранд, чунки дар чорабиниҳои давлатӣ бисёр иштирок мекунанд.
- Нақша доред, ки мисли солҳои пешин бо гурӯҳи “Ғарибшо- компания” дар толорҳои бузург консерт гузаронед?
- Ман ният дорам, ки 30-солагии шоми эҷодии худро баргузор кунам. Ҳамзамон ду китоб - яке ҳаҷвӣ, дигаре сафарнома чоп мекунам, чунки ба давлатҳои зиёд сафар кардаам ва мехоҳам хотираҳоямро китоб кунам.
- Шумо дар машҳур шудани бисёр сарояндаҳо саҳми назаррас доред. Имрӯз бо кадом ситораҳои санъат ҳамкорӣ доред?
- Хушбахтона, бо ҳамаи сарояндаҳо ҳамкорӣ дорам. Ҳунармандоне, ки шеърҳои маро нахондаанд, хеле каманд. Натанҳо тоҷикон, балки баъзе ситораҳои хориҷӣ низ шеърҳои маро месароянд.
- Чаро солҳои охир ҳаҷвияҳои шуморо дар телевизион кам мебинем? Мегӯянд, ки номатон ба “Рӯйхати сиёҳ” афтодааст. Рост аст?
- Бадбахтии мо дар он аст, ки барномаҳои ҳаҷвиро дар телевизион буриданд. Пештар зиёд барномаҳои ҳаҷвӣ дар телевизион буд ва мардум аз он ҳаловат мебурданд. Лутфулло Давлатов замоне, ки раиси телевизиони “Сафина” буданд, барномаи “Ҳазлнюш”-ро бидуни суруди ҳаҷвӣ иҷозат намедоданд, ки дар эфир равад. Ман мехоҳам, ки телевизионҳои мо ба ҳаҷв рӯ биёранд ва тавассути он мардумро шод созанд.
- Дар охир чӣ гуфтаниҳо доред?
- Мардуми Тоҷикистони мо ҳамеша сарбаланд бошанд. Дар хонадони ҳар яки онҳо файзу баракат бошад. Ҳамаи он нафароне, ки берун аз Тоҷикистон ҳастанд, худованд нигаҳбонашон бошад.