Arzon Navruz
АҲСАН БА МУҲОҶИРОНИ ТОҶИК! БОЗ МАРДОНАГИИ ХУДРО ДАР ПЕШИ РУСҲО ИСБОТ КАРДАНД!
11.12.2020
Р. Азимӣ
2213

Бо шарофати зудамалии ду зодаи Тоҷикистон Зариф ва Фарух, касе дар сӯхтори бинои бисёрқабата дар Санкт-Петербург осеб надид.


 
Ду тоҷикистонӣ дар сӯхторе дар шаҳри Петербург мардумро аз коми оташ наҷот дода, барои хомӯш кардани аланга ба наҷотбахшон кумак карданд, хабар медиҳад шабакаи "Мир 24".

Бино ба иттилои манбаъ, сӯхтор дар бинои 12-ошёна шоми бевақт сар задааст. Тибқи иттилои пешакӣ ин сӯхтор дар паи таркиши балони газ рух додааст ва дарҳол аз тирезаи манзилҳо дуд баромадааст.

Фарух ва Зариф дар он сӯи роҳ зиндагӣ мекунанд, аз ин рӯ даррав ба ҷои ҳодиса ҳозир шудаанд. 

"Мо дохили бино шудем, лифт кор намекард ва мо ба воситаи зинапоя боло баромадем. Мо фикр кардем, ки миёни осебдидаҳо кӯдакон ҳам ҳастанд", - нақл кард муҳоҷир.

Дар ҳамин ҳол ҷавонон ҳамроҳи ҳамсояҳо барои аз таги девораҳо баровардани сокинон кумак карданд.

Бо шарофати зудамалии ҷавонони тоҷик, касе дар ин сӯхтор осеб надид.

Фарух Умаров ва Зариф Ниёзов зодаи Тоҷикистон ҳастанду дар ҳамсоягӣ бузург шудааст.

Зариф дар хурдӣ аз падару модараш маҳрум мондааст ва ӯро бобояш ба парастории худ гирифтааст. Аллакай дар 11-солагӣ писарча барои дарёфти қути лоямут аз таҳсил мемонаду ба кор оғоз мекунад.

"Ман мехоҳам, ки фарзандонам соҳиби маълумот бошанд", - мегӯяд ӯ.

Зариф 14 - сол боз дар Русия ба сар мебарад, ӯ шаҳрвандии ин кишварро гирифтааст ва дар завод кор мекунад.

Фарух ба ҳайси ронандаи таксӣ кор мекунад. Ӯ чор сол боз ба Тоҷикистон сафар накардааст ва бисёр пазмон шудааст.

 

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД