Мегӯянд, ки агар кас қасами мунақида хӯрад, бояд кафорати онро диҳад. Мехостам донам, ки қасами мунақида чист ва чи кафорат дорад?
Саидҷон аз ш. Душанбе
Посухи домулло Ҷамолиддин Хомӯшӣ
Қасами мунақида он аст, ки шахс ба кори оянда савганд ёд мекунад. Масалан мегӯяд, ки ба Худо қасам фалон корро анҷом медиҳам ё намедиҳам. Агар бар хилофи қасами худ амал намуд, бояд кафораи қасам бидиҳад. Чунончи, дар боби кафораи қасам дар китобҳои фиқҳи исломӣ баён шудааст, даҳ нафарро субҳу шом таом медиҳад ё либос мепӯшонад. Ва ё қимати ҳамон таом ё либосро ба як нафар