Баскетболбози машҳури латвиягӣ, бозигари собиқи дастаҳои «Зенит», «Химки» ва УНИКС Янис Тимма дар Маскав мурда ёфт шуд. Дар ин бора телеграм-канали 112 хабар додааст.
ТВ “Варзиш” бо истинод ба ин манбаъ иттилоъ дод, ки баскетболбоз қаблан қасди худкушӣ карда буд. Дар маркази Маскав ҷасади баскетболбози 32-соларо аз даромадгоҳи як бинои панҷошёна пайдо кардаанд. Дар назди баскетболбоз телефони дастиаш буд, ки охирин маротиба ҳамсари собиқи ӯ Анна Седокова занг зада буд.
Тимма 21 соат пеш дар саҳифаи худ дар яке аз шабакаҳои иҷтимоӣ аксеро бо ҳамсари собиқаш “сториз” кардааст. Онҷо як пораи сабти навореро аз хазина нашр карда, “Happy BD" - зодрӯз муборак навиштааст.
Қаблан хабар дода шуда буд, ки Янис Тимма аз овозхон Анна Седокова ҷудо шудааст. Ин ҷуфт аз соли 2020 издивоҷ кардаанд. Онҳо якҷоя фарзанд надоранд. Янис ба дастаи баскетболи “Аликсон”, ки дар мусобиқаи Media Basket иштирок мекунад, ҳамроҳ шуд.