Ҷасади Ҳабиб Ёқубов, ки дар селобаи 19-июли соли ҷорӣ дар шаҳри Панҷакент гум шуда буд, пайдо гардид. Вале ҷустуҷӯи ҷасади Нозима ҳанӯз идома дорад.
Баъди ҷустуҷӯҳои серӯза ҷасади ҷавони 19-сола Ҳабиб Ёқубовро, ки дар сели Киштӯдак ҳалок шуда буд, пайдо карданд. Аммо то ба имрӯз ҷасади Нозима Исмоилова идома дорад ва ҷустуҷӯҳо натиҷа надодааст, хабар додааст, Кумитаи ҳолатҳои фавқуллода.
Бар асари сели азими рӯзи 19-уми июли соли равон 10 нафар сокинони деҳаи Киштӯдаки Панҷекат, ки дар чарогоҳи тобистонӣ молчаронӣ мекарданд, ба ҳалокат расиданд, ки бештарашон аз як хонавода буданд.