Тамоми воизон дар бораи қарзҳои зан дар назди шавҳар мегӯянд. Шавҳар ҳам дар назди зан ягон уҳдадорӣ дорад ё не?
Аҳлиддин, ноҳияи Вахш.
Посухи домулло Ҷамолиддин Хомӯшӣ
Ҳазрати Муҳаммад (с) ба Абубакри Сиддиқ хитоб карда гуфтанд: «Эй Абубакр, агар мард бо чеҳраи кушода ба ҳамсараш нигоҳ кунад, савоби озод кардани як ғулом ба ӯ дода мешавад!»
Пеш аз ҳама мард бояд бо занаш хушрафтор бошад. Ҳаққи дуюм ин аст, ки мард ҳамсарашро ризқи ҳалол диҳад.
Либосе, ки барои зан мехарад, бояд аз пули ҳалол бошад. Сеюм: ҳамсарашро ахлоқи ҳамида омӯзонад ва чӣ будани ҳарому ҳалолро таълим диҳад. Расули Акрам фармудаанд: «Сахтарин азоб дар қиёмат он аст, ки аҳли оилаи худро ҷоҳил нигоҳ дорад.»