Арзиши басомадҳои радиоӣ боло рафт, интернет ва Wi-Fi қимат мешавад?
15.01.2026
Оила
93

 

Арзиши истифодаи басомадҳои радиоӣ (радиочастота) дар Тоҷикистон барои операторони мобилӣ барои 2G–3G ҳудуди 400 маротиба ва барои 4G–5G зиёда аз 560 маротиба боло рафт. Оё нархи интернет қимат мешавад?

Тавре ки расонаҳо дар такя ба манобеъи худ навиштаанд, нархи басомадҳои операторони мобилӣ дар асоси қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон No476 аз 8-уми сентябри соли 2025 боло рафта, акнун дар шаҳри Душанбе соли 2026 опараторони алоқаи мобилӣ барои истифодаи як басомади радио барои 2G-3G акнун 14040 сомонӣ ва барои 4G-5G 16380-19890 сомонӣ пардохт хоҳанд кард, дар ҳоле ки қаблан ҳамагӣ 35 сомонӣ дар як сол буд.

Ҳанӯз эълони мустақим дар бораи болоравии тарофаҳо пахш нашудааст, вале коршиносони соҳа бар ин назаранд, ки афзоиши хароҷот метавонад боиси болоравии нархи алоқаи мобилӣ ва интернет, махсусан 5G гардад.

Болоравии нарх ба дигар соҳаҳо, аз ҷумла телевизион, радио, алоқаи моҳвораӣ, Wi-Fi ва WiMAX низ таъсир мерасонанд.

 

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД