arzon replenishment
Қарзи ипотека барои хариди манзил
03.10.2023
ПРОМО
3372
Қарзи ипотека барои хариди манзил

 

Ҳоло на ҳама имкони хариди хонаро доранд. Бонкҳои Тоҷикистон, аз ҷумла ҶСК “Ориёнбонк” барои шахсони ниёзманд ба манзили зист қарзҳои ипотекиро пешниҳод кардаанд. Мо дар подкасти навбатии “Маърифати молиявӣ” дар ютубканали оila.tj оид ба қарзи ипотека, шартҳои гирифтани он бо коршиноси масоили бонкӣ Рустам Ғаниев суҳбат намудем.

Ёдовар мешавем, ки подкасти мазкур бо дастгирии Ҷамъияти саҳомии кушодаи “Ориёнбонк” омода мегардад.

- Имрӯз дар Тоҷикистон атрофи қарзи ипотека барои хариди манзил зиёд ҳарф мезананд. Яке ба ин бовар аст, ки фоизи қарзи ипотека дар шароити Тоҷикистон баланд, аммо дигаре мегӯяд, ки он барои соҳиби хонаи шахсӣ шудану иҷора ба иҷора нагаштан муфид аст. Назари шумо чист?

- Пеш аз ҳама, ҳар шахс тибқи моддаи 36-и Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳуқуқ ба манзил дорад. Имрӯз дар Тоҷикистон бонкҳо ба мизоҷон қарзҳои гуногунро пешниҳод мекунанд. Яке аз инҳо қарзи ипотека аст, ки барои хариди манзил пешбинӣ шудааст. Ҳар як намуди қарз шартҳои худро дорад. Бонк низ дар асоси қонунҳои амалкунанда ва вобаста ба сиёсати дохилии худ ба мизоҷ қарз ё пасандоз пешниҳод мекунад.

Яке аз шартҳои гирифтани қарз, аз ҷумла ипотека муҳлат ва мақсади гирифтани он аст. Аслан, ипотека барои хариди манзил пешбинӣ шудааст. Мизоҷ ҳақ надорад, ки онро бо ҳадафи дигар истифода намояд. Зеро бонк барои дастгирӣ ва ҳалли мушкилоти иҷтимоӣ ба мизоҷ қарз додааст. Пас аз гирифтани қарз мизоҷ вазифадор аст, ки фоизи муайянро ба бонк пардохт намояд. Тамоми талаботҳо низ дар шартнома байни мизоҷ ва бонк оварда шудааст. Агар мизоҷ маблағи гирифтаро бо фоизҳои муқарраргардида ба бонк насупорад, ин ҳам барои ӯ ва ҳам барои бонк мушкилӣ ба миён меорад. Албатта, шарти муҳим барои гирифтани қарзи ипотека таъминнокӣ ё ба гарав гузоштани манзили зист мебошад. Инҳо талаботҳое ҳастанд, ки муштарии бонк бояд ба инобат гирад.

- Бартариҳои асосии қарзи ипотека дар чӣ аст?

- Пеш аз ҳама, онҳое, ки эҳтиёҷ ба манзили зист доранд ё солҳо иҷоранишинанд, имкони соҳиб шудан ба хонаи худро пайдо мекунанд.

- Пас, дар шароити Тоҷикистон то куҷо гирифтани қарзҳои ипотекӣ муфид аст?

- Агар мо бо давлатҳои Аврупо қиёс кунем, ки зиёда аз 300 - 400 сол низоми бонкиашон фаъол аст, фарқият вуҷуд дорад. Имрӯз фоизи миёнаи қарз дар Аврупо барои хариди манзил аз 3,5 то 5 фоизро ташкил медиҳад. Дар Амрико аз 3 то 7 фоиз аст. Ба давлате, ки мо решаи таърихӣ дорем, яъне Русия имрӯз аз тарафи ташкилотҳои қарзӣ қарзи ипотекаро аз 10 то 14 фоиз пешниҳоди мардум мекунанд. Бинобар ин, дар шароити Тоҷикистон, ки низоми бонкиаш хеле ҷавон аст, 12 фоиз бо асъори хориҷӣ пешниҳоди қарзи ипотека чандон баланд нест. Агар мизоҷ як қисми маблағи хариди манзилро бо худ дошта бошаду боқимондаашро аз бонк гирад, ба манфиати ӯст. Зеро маблағи иҷораро ба фоизи қарзи бонк месупорад ва ҳамагӣ дар чанд сол соҳиби манзили худ мешавад.

- Аз нигоҳи шумо, пеш аз гирифтани қарзи ипотека мизоҷ бояд чӣ омодагӣ дошта бошад, то ҳангоми пардохт ба мушкилӣ рӯ ба рӯ нагардад?

- Аввал, бояд даромади худро ба инобат гирад. Фоизи маблағе, ки мизоҷ барои қарз месупорад, ин аз ҳисоби даромади худ ё узви оилааш аст.

Дуюм, муҳлати қарзи ипотека дарозмуддат: аз 60 то 120 моҳ аст. Яъне, аз 5 то 10 солро дар бар мегирад. Вақте ки мизоҷ дархостро ба бонк пешниҳод мекунад, ин омилро низ бояд ба назар гирад, ки дар вақти пешбинишуда маблағро бо фоизҳояш баргардонад.

Сеюм, вақте ки мизоҷ нияти гирифтани қарзи ипотекаро дорад, бояд бозори манзилро хуб омӯзад, то ин ки ба фиреби шахсони тасодуфӣ наафтад.

- Бархе гумон мекунанд, ки қарзи ипотекаро пурра гирифта, мазил харанд. Аммо чунин нест ва бояд бо худ як миқдори муайяни маблағро дошта бошанд. Ҳамин тавр не?

- Бале. Вақте ки мизоҷ як миқдори муайяни маблағро ҳамроҳи худ дорад ва боқимондаро аз бонк мегирад, то андозае барояш сабукӣ мешавад. Масалан, Ориёнбонк ҳангоми пешниҳоди қарз пешниҳод менамояд, ки мизоҷ ақаллан 30 фоизи маблағи ҳаҷми умумиро дошта бошад. Ин ҳам як дастгирӣ аз тарафи бонк ба хотири ҳалли мушкилоти иҷтимоии аҳолӣ мебошад.

Дар дигар давлатҳо низ аз 10 то 30 фоиз пешпардохт барои хариди хона тариқи ипотека муайян шудааст. Қисми зиёди бонкҳои мо низ, ки ба аҳолӣ қарзи ипотекӣ медиҳанд, 30 фоиз пешпардохт пешбинӣ намудаанд. Яъне, ҳамаи ин дар аососи ҳисоб ва ҳар гуна хавфҳои бонкӣ сурат мегирад.

Бинобар ин, барои ба доми шахсони тасодуфӣ ё манфиатдору қаллоб наафтидан, мизоҷро зарур аст, ки пеш аз гирифтани қарзи ипотека хона ё манзилеро интихоб кунад, ки аллакай сохтмонаш ба анҷом расида, расмиёти давлатӣ дошта бошад.

- Вобаста ба пешниҳоди қарзи ипотека аз ҷониби Ориёнбонк ва фаъолияти он чӣ назар доред?

- Имрӯз ҶСК “Ориёнбонк” бонки низомсоз аст. Ин бонк таърихи қариб якасра дорад. Моҳи апрели соли 2025 Ориёнбонк 100-солагии худро ҷашн мегирад. Имрӯз аз таҳлилҳо бармеояд, ки Ориёнбонк зиёда аз 260 ҳазор мизоҷ, 32 филиал, 6 намояндагӣ дар кишварҳои хориҷ дошта, бо 26 бонк ҳамкории муросилотӣ дорад. Нуҳ ҳазор саҳом дораду 242 маркази хизматрасонии бонкӣ дар ин бонк фаъолият менамоянд. Ин тасдиқ мекунад, ки имрӯз Ориёнбонк дар низоми бонкии кишвар нақши калидӣ мебозад.

- Ба таври мисол, агар як нафар аз қарзи ипотекӣ баҳравар шавад, барои худ чӣ гуна нақша тартиб диҳад ва кадом зинаҳоро гузарад, то ҳангоми баргардонидан мушкил пеш наояду сабукиро эҳсос намояд?

- Ҳоло дар сомонаи бисёре аз бонкҳо, аз ҷумла Ориёнбонк саҳифаи махсус барои мизоҷон ҷой дода шудааст. Мизоҷ метавонад тавассути он дархостро бо ҷамъи ҳуҷҷатҳо тариқи онлайн ирсол кунад. Яъне, ин ба хотири сарфаи вақт, навбатпоӣ ва нарафтан ба бонк аст. Вақте ки дархости онлайниро пур мекунад, пас аз 1-2 рӯз ҷавоби расмӣ мегирад. Новобаста аз он ки мизоҷ дар дохил аст ё берун аз кишвар, имкони пур кардани дархости онлайнро дорад. Яъне, мизоҷ тариқи онлайн тамоми маълумоти заруриро вобаста ба гирифтани қарз дастрас менамояд.

Мусоҳиб:

Усмон РАҲИМЗОДА

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД