Arzon march 2024
Арўси гуреза (ҚИСМИ 1)
3120

Гулсимо аз тирезаи хонааш ба берун назар дӯхта, лимўчойи гармро қулт-қулт менўшид. Дар ду баст кор кардан дар мактаби миёна чӣ қадар душвор аст, боз дар синфҳои ибтидоӣ. Бегоҳ хаставу лакот ба хонааш бармегардад, аёми гармӣ то бегоҳ бачаҳои шўх дар ҳавлии бино даву тоз карда, ба қавле атрофро ба тӯйхона шабеҳ мекунанд. Аммо дар ин бегоҳи сарди боронии тирамоҳ онҳо ба хонаҳои гарм панаҳ бурдаанд.

Гелосаки пушти тиреза охирин баргҳояшро ба чанги бод дода, урён шуда буд. Гулсимо худ ба худ мегуфт:

- Зиқ нашав гелосак, боз баҳор меояд, ту гул мекуниву мева мебандӣ, чун марҷон сурху зебо, вале одам аз нав намесабзад, ман ҳам сол аз сол пир мешаваму умрам бесамар…

Сағирадухтар

Модари Гулсимо ўро таваллуд кардаву худаш аз олам гузаштааст. Касе духтарчаи сархурро аз беморхона гирифтан намехост, танҳо зани тағояш, ки бефарзанд будааст, ўро ба фарзандӣ мехонад. Падараш, ки модарашро зиёд дўст медоштааст, ўро сабабгори марги ҳамсараш дониста, умуман суроғ намекунад. Зани тағояш ба ў номи модарашро медиҳад, Гулсимо, тағояш ҳам розӣ мешавад, “номи хоҳараки ормониям аз забонҳо гум нашавад” гуфта. Гулсимо шаҳду шакари падару модар буд, то он вақте ки фарзандони худашон пайдо шуданд. Тағою янгааш баъди сесолагии Гулсимо бо пайи қадами ў писардор шуданду Гулсимо рақами ду шуда монд. Янгааш пайи ҳам як писару ду духтари дигар таваллуд карду Гулсимо дояи бепул буд, ў ҳамагӣ даҳ сол дошт, вале кору бори ин хонаи калон ва нигоҳубини хоҳараку додараконаш бар дӯшаш бор буд. Албатта, янгааш ўро намезаду дашном намедод, гуруснаву лучаш намегузошт, вале духтарак хизматгор буд. Бо вуҷуди вазниниҳо, дар мактаб бо баҳои аъло мехонд, дар сари гаҳвораи хоҳараш, ҳангоми молбонӣ ва вақти хобондани додараку хоҳараконаш китоб мехонд. Додару хоҳаронаш ба китобхонии ў чунон қадар одат карда буданд, ки то апаашон барояшон афсонае нахонад, хоб намерафтанд. Ҳамроҳашон дарс тайёр мекард ва ҳамаи онҳо аълохони мактаб буданд. Хоҳараконаш калонтар шуданду ёвари апаашон шуданд, ҳарчанд янгааш “шумо ҳоло хурд ҳастед, кор карда наметавонед” гўяд ҳам, онҳо албатта ба корҳои апаашон ёрӣ медоданд. Ҳамсояҳо медонистанд, ки Гулсимо азоби алим дорад, аммо аз даҳони ў гап гирифтан мушкил буд.

Аз пайи илму дониш

Гулсимо дар синфи ёздаҳ мехонду орзу дошт, ки муаллимаи синфҳои ибтидоӣ шавад, вале янгааш кайҳо ўро ба писари хоҳараш фотеҳа карда буду мехост баъди хатми мактаб тўйи онҳоро баргузор кунад. Духтар Умарро тамоман дўст намедошт ва намехост зани ў шавад. Ҳарчанд Умар ҷавони бад набуд, донишгоҳро хатм карда, дар ноҳия дар кадом идорае кор мекард, вале Гулсимо ҳаёташро бо инсоне, ки тамоман дўст намедорад, пайвастан намехост. Ў пинҳон аз волидонаш тамоми ҳуҷҷатҳояшро тахт карду ба деҳаи ҳамсоя ба хонаи як ҳамдеҳаи падараш, ки ба қавли тағою янгааш дўсти беҳтарини падараш буд, рафт ва суроғаи падарашро гирифт. Дар ин деҳа пайвандони падараш кор мекарданд, аммо ў аз тарси овоза нашудани мақсадаш ба хонаи онҳо нарафт. Дўсти падараш суроғаи ҷойи кори падарашро доду таъкид кард, ки “нагў, ки ин суроғаро ман додам”. Ҳамин мард нақл кард, ки падараш хеле сарватманд аст, вале зани рашкине дорад, аз ин рў, эҳтиёт бояд кард. Гулсимо медонист, ки ба падару модараш фаҳмондани он, ки намехоҳад бо Умар ҳамхона шавад, бефоида аст, аз ин рў, се рўз пеш аз тўяш либосҳояшро гирифта, ба Душанбе рафт. Донишгоҳи омўзгориро ёфта, ҳуҷҷатҳояшро супориду ба кофтукоби падараш рафт. Чун ба назди идораи кории ў расид, соат аз чор гузашта буд. Дарбон иҷозати даромадан надода, гуфт, ки вақти қабули шаҳрвандон тамом шудаасту рўзи дигар биёяд, аммо духтарак гирён шуда, илтимос кард, ки аз деҳаи дур омадаасту гапи зарур дорад. Котибаи раис ба ҳеҷ ваҷҳ намехост, ки духтараки қишлоқӣ аз дар дарояд, аммо раис худаш аз кабинет баромада, духтаракро ба дарун таклиф кард. Мард аз камера духтарашро шинохта буд, зеро ў чун себи дукафон ба Гулсимои ў монанд буд.

(Давом дорад)

Рухсора САИД

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД