arzon replenishment
АРӮСИ ҒУРАМАРГ Қисми 2
1404

Вазъи саломатии Гулдаста соат ба соат вазнин мегардид. Рӯзҳои охирини умраш тамоман аз иштиҳо монда, базӯр гап мезад. Хуршед аз дӯсташ шунид, ки дар кадом шаҳри хориҷ мисли онҳо ду навҷавони бо ҳам ошиқи шайдо пеш аз марги домод тӯйи домодиву арӯсӣ барпо карда, пеши ҳама наздикон издивоҷ кардаанд. Ӯ ҳам андеша намуд, ки орзуи Гулдастаро амалӣ мекунад, гарчанде як соат бошад ё тамоми умр.

Бо модару падар маслиҳат карда, рӯзи тӯйро барвақттар гузоштанд. Духтурон иҷозат доданд, ки тӯйро дар беморхона баргузор намоянд. Ба берун баромадани бемор тамоман мумкин набуд. Ба ин хотир, рӯзи тӯй ба Гулдастаи дилшикаста, ки рӯйи кати беморхона мехобид, либоси сапеди арӯсӣ пӯшонида, мӯйҳои парешони дарозашро ороста карданд. Арӯс мисли фариштае буд дар рӯйи бистари беморӣ. Домод ҳам бо шиму костюми сап-сафед назди арӯси бемораш нишаста, суханони пурмеҳр мегуфт:

-Гули ман, агар Худованд аз ман ҷонамро мегирифту ба ҷони ту пайваст карда, дардатро аз баданат мегирифт, розӣ будам. Ин дарди қаттол аз куҷо ба ту часпид. Шодам, ки имрӯз ту ҳамсари ман мешавӣ.

Домулло аввал ба ин издивоҷ розӣ нашуд. Аммо баъди зориву таваллои падару модари Гулдаста омада, онҳоро дар беморхона никоҳ кард.

Хуршед худро идора мекард, ки гиря накунад. Ангуштарини никоҳӣ дар даст Хуршед хам шуда, онро ба дастони шахшӯлу камхуни Гулдаста гузаронид. Гулдаста аранге табассум карду ангуштарини дигарро аз дасти хоҳараш оҳиста гирифта, ба ангушти Хуршед гузаронид.

Хешу таборон, ки чунин тӯйро аввалин бор дар ҳаёташон медиданд, бо чашмони гирёну қалби сӯзон барои арӯсу домод чаппакзаниҳо карда, таманнои тансиҳатии арӯси беморро изҳор доштанд. Аз чашмони арӯси бемор гӯё хун мерехт. Баъди шаш соати никоҳи онҳо ногаҳон қалби Гулдаста сахт-сахт тапиду хун ба сараш зад. Хун аз биниаш фаввора зада, дигар қатъ намегардид. Духтурон барои наҷот додани ҳаёти ӯ мубориза мебурданд. Домоди гирён дар роҳрави беморхона бо дигар меҳмонон зору ҳайрон дар рӯ ба рӯи марг нишаста, Худоро зорӣ мекарданд, ки арӯси беморро ноумед нагардонад. Аммо баъди 15 дақиқа духтури навбатдор бо чеҳраи ғамгину чашмони гиряолуд баромада, оҳиста гуфт:

-Арӯси ғурамарг ба лаб табассум аз ин дунё рафт...

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД