Ман модарам, модари ду писар. Барои писари калониам бо умеду ҳавас духтари хонагӣ гуфта, аз як ноҳия келин ёфтам. Писарам бо сад азоб дар муҳоҷират кор карда омаду пули қалин ҷамъ кард. Мехост бо духтари дӯстдоштааш оиладор шавад, вале ман розӣ нашудам.
“Ин духтар сатрпӯшу китобхон аст мегӯянд, бачам, гапи маро гир, пушаймон намешавӣ”гӯён, бачаи бечораамро маҷбуран зан додам.
Арӯсамон духтари хонагӣ, ки ҳамагӣ 19 сол дорад, баъди як ҳафтаи тӯй аз хонаи мо якбора ғайб зад. Бечора писарам ба кофтукоби занаш баромад. Хостем ба милиса муроҷиат кунем, аммо як шинос гуфт, ки келини таърифиатон дар дискотека гаштааст, ӯро дар саҳифаи Инстаграмаш бо дугонаҳояш дидаанд. Ба ин гапҳо бовар накарда, бо писарам ба хонаи волидайнаш омадем. Модараш гирён гуфт, ки чизеро намедонад, аммо апааш бо дард гуфт, ки “хоҳарам шояд пеши ошиқи аввалааш, ки зандор буд, гурехта бошад”.
Хуллас, келинро аз дискотека ёфтем. Ӯ шарм накарда гуфт: “Ман ба хотири тӯю тамошо бачаи шуморо гирифтам, чунки “кавалерам” зану кӯдак дорад. Акнун, писаратон метавонад маро талоқ диҳад, ба назди ошиқам меравам. Шавҳар кардани ман ба хотири тӯй буд, то бообрӯ дар назди падараму ҳамсояҳо шавҳар кунам!”.
Аз шунидани ин суханҳо гӯшҳоям қулф заданд, фишори хунам то ҳозир баланд аст. Бачаам ӯро талоқ дод ва бо ғаму андуҳи зиёд боз ба муҳоҷират рафт, чунки духтари дӯстдоштааш баъди зангирии писарам барқасдона зуд ба шавҳар баромада буд. Ман ҳаёти писарамро сӯзондам.
Падарону модарони духтардор, хоҳиш мекунам, вақте писардор ба хостгорӣ меравад, духтаратонро чаққону парон ва отифа гӯён, таъриф накунед!
Аз “Кошонаи Шаҳло”