goodwell
Арӯси раис (ҚИСМИ 3)
94

Моҳҳои аввал Зарина худро дар осмони ҳафтуми хушбахтӣ меҳисобид. Вай дар хонаи панҷҳуҷрагии боҳашаммат дар маркази пойтахт зиндагӣ мекард ва ҳар рӯз бо мошини гаронқимат ба бозорҳои тило мерафт.

Ӯ бо куртаҳои ҳарири қиматбаҳо ва гӯшвораҳои тилоии вазнаш калон дар назди дугонаҳояш худнамоӣ мекард ва худро арӯси раис номида, ба болои ҳама бо таҳқир нигоҳ мекард.

​Аммо оҳи мазлумон ва ашки кӯдакони раис хеле зуд домони онҳоро гирифт. Худованд ҳамеша сабркунанда аст, вале ҷазояш хеле сахт ва ногаҳонӣ меояд. Аз сабаби он ки Довар тамоми маблағҳои давлатии корхонаро барои харидани хона, мошин ва тиловориҳои Зарина сарф карда буд, дар райпо камомади хеле калони пулӣ ошкор шуд. Рӯзе бехабар тафтишоти калони давлатӣ омад ва тамоми ҳуҷҷатҳоро зери назорат гирифт. Маълум шуд, ки раис миллионҳо пулро аз они худ кардааст. Доварро рӯшан ва ошкоро дар назди ҳамкоронаш бо шармандагӣ аз вазифааш пеш карданд ва тамоми дороиву суратҳисобҳояшро ба ҳабс гирифтанд.

​Аз ҳамон рӯз сар карда, ҳаёти ширин ва афсонавии Зарина ба як ҷаҳаннами ҳақиқӣ бадал шуд. Довар, ки дигар на мансаб дошту на пул ва на обрӯ, ба як марди одӣ, карздор ва асабӣ мубаддал гашт. Ӯ акнун ҳар рӯз худро ба шаробхорӣ мезад ва нимашаб масту девона ба хона омада, Заринаро зери мушту лагад мегирифт. Ӯ соатҳо дар хона фарёд мезад, ки барои як зани сабукпо зану фарзандонашро партофт ва баракати зиндагиаш гум шуд. Заринаи пулпараст акнун дид, ки дар як хонаи сарду бебарқ бо як марди пири бадҷаҳл ва муфлис зиндагӣ дорад ва маҷбур аст барои як бурда нон тилоҳояшро як-як бурда ба гаравгонхона супорад. Ӯ ҳар шаб кунҷи хона нишаста, ба ёди Хуршеди ҷавону меҳрубон зор-зор ашк мерехт, вале дигар роҳи бозгашт ва чорае набуд.

Хуршед бошад, баъди он ки аз Зарина дилаш тамоман хунук шуд, дигар ба ватан барнагашт. Ӯ тамоми дарди дилашро ба кору заҳмат бахшид. Баъди чанд сол ба давлати Араб рафт ва дар он ҷо бо як ҷавонмардии хос ба соҳибкории бузург машғул шуд. Худованд ба поктинатии ӯ нигоҳ карда, ба кору бораш баракати беҳисоб дод.

Хуршед бо як духтари солеҳа, бонамоз ва боиффат оиладор шуд ва хушбахтии ҳақиқии оилавиро дар канори ин зани хоксор ва фарзандони дӯстрӯяш пайдо намуд.

​Инак, баъди ин қадар солҳои дурӣ, дар дохили ҳавопаймо ӯ Заринаро дид. Он Заринае, ки рӯзе аз зебоӣ ва ғурур ба замин нигоҳ намекард, акнун як зани шикаста, хароб ва бо чеҳраи пири бармаҳал дар наздаш нишаста буд. Шавҳари собиқ раисаш бошад, ба як пири барҷомонда ва нотавон мемонд, ки аз шарми корҳои гузаштааш ҳатто намехост ба чашмони Хуршед нигоҳ кунад.

Хуршед ба зани худ нигоҳ кард, ки бо чӣ қадар меҳру шафқат ба тифлаш шир медод ва дар дил ҳазор бор шукрона кард, ки Худованд ӯро аз он зани пулпараст наҷот дод.

Зарина бошад, бо ҳасрат ва ашки резон ба оилаи хушбахти Хуршед менигарист ва дар оташи пушаймонӣ месӯхт, вале афсӯс, ки пушаймонии дер омада дигар ҳеҷ суде надошт.

​Шаҳлои НАҶМИДДИН

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД