Sebiston new 2024 october
Арӯси писару маъшуқаи падар (қисми 3, анҷом)
4368

(Идомааш)
Духтарчаи ҳамсояро ҷавоб додаму ба хона даромадам. Хусурам ҳамроҳи Зумрад, ки аз хоб бедор шуда буд, дар сари гаҳвора бозӣ дошт.

-Амак, ҳамсоя шуморо ба назди меҳмонҳояш даъват кардааст. Меравед?-бо сари хам пурсидам ва ҷуръат намекардам, ки ба чашмонаш нигарам.
давом дорад

Суханам мисле ки дар ҳаво монд, ҷавобе нашунидам. Хусурам бо қошу қавоқи овезон ҷомаашро сари китф карду аз хона баромад. Аз пасаш нигаристам, ки аз дарвоза баромада, ба хонаи ҳамсоя даромад. Дар ҷисмам ҷони тоза дамидагӣ барин нафаси чуқур кашидам. Ин навбат духтари ҳамсоя маро халос кард, дафъаи дигар кӣ наҷотам медиҳад? Ба шавҳарам нақл кунам? Раваду ба гапҳои ман бовар накунад чӣ? Ба падарам тӯҳмат кардӣ гуфта, зиндагиам вайрон шавад чӣ? Аммо агар нақл накунам, ҳол торафт бадтар шуда истодааст.

-Хайр, Худо худаш подшоҳ аст. Канӣ бинем, чӣ гап мешавад?!-гуфта, ба корҳоям андармон шудам.

…Манзура акнун орому осуда зиндагӣ карда наметавонист. Ҳамеша тарси афтодан ба доми фисқу фуҷури хусураш дар дилаш вуҷуд дошт. Шом Мансур аз кор баргашту Манзура бо шавҳараш маслиҳат кард, ки барои чанд муддат ба хонаи модараш меравад. Ин ягона роҳи халосии Манзура аз хусураш буд, вале ҳамагӣ барои чанд муддат. Илоҷи воқеа пеш аз вуқӯъ гуфтаанд. Манзура бояд чорае биандешад, вагарна кор аз кор, ки гузашт, шарманда шуданаш имкон дорад. Бо ин бадбахтӣ дар байни мардум чӣ гуна сар боло карда мегардад? Ҳама ба сӯяш бо нигоҳи нафратовар нигоҳ мекунанд. Ҳарчанд ин ҷо айби ӯ нест, вале магар мешавад даҳони мардумро баст? Аз пашша фил сохта, гапу ҳарфи набударо аз куҷоҳо пайдо мекунанду ба номат овозаву ҳангома паҳн мекунанд.

-Мансур, пагоҳ ману Зумрадро ба деҳа намебаред?-баъди хӯроки шом сари мақсад омад Манзура.

-Хубу дар деҳа чӣ кор мекунӣ?

-Чанд вақт аст, ки ба хабаргирии падару модарам нарафтаам. Онҳо ҳам ғаниматанд. Имрӯз ҳастанду пагоҳ не. Чӣ гуфтед?-бо қирраи чашм ба сӯи шавҳараш нигарист.

-Майлаш, мебарам, аммо ҳоли падарам чӣ мешавад? Худашон дар хона танҳо мемонанд. Ман ҳам одами кор, як шаб меояму чанд шаби дигар не,-саволомез ба ҳамсараш нигарист.

-Намедонам…

Амаки Абдулло дар аввал розӣ нашуд, ки Манзура ба деҳа равад. Ӯ баҳона пеш овард, ки Зумрадро пазмон мешавад. Манзура ваъда дод, ки зиёд дар назди волидонаш намемонаду ба зудӣ ҳамроҳи Зумрад бармегарданд. Хусураш ночор розӣ шуд, вале таъкид кард, ки барвақттар баргарданд.

…-Ҳамон рӯз Мансур кор дошту худаш ба деҳа бурда натавонист, вале таксӣ киро карда, моро ба деҳа равон кард. Модарам моро диданду аз шодӣ дар куртаашон намеғунҷиданд. «Бахтат омад кард, духтарам. Чунин зиндагии серу пур насиби ҳар ҷавондухтар намешавад. Шавҳарат ҳам ҷавони хубу дидадаро. Хусурат ба ҷои падарат. Раҳматии хушдоманат туро мисли духтари худаш дӯст медошт. Кӯшиш кун, ки келини содиқи хонадон бошӣ»,-модарам гаштаву баргашта насиҳатам мекарданду маслиҳат медоданд. Аммо бехабар аз оне ки шахсе ба ҷои падарам нисбати ман фикрҳои нопок дорад. Дар ин ҳол ман чӣ тавр келини содиқи ӯ ё ба ҷои духтараш бошам? Як ҳафта дар хонаи худамон истодам, дугона. Модарам ҳар лаҳза «хез, ба хонаи шавҳарат рав, хусурат худаш марди танҳо» гуфта, маро ором намегузоштанд. Поям ба пеш ҳаракат намекард, ки ба шаҳр баргардам. Таги дилам сиёҳ буд. Аз як ҳодисаи бад гувоҳӣ медод. Ноилоҷ чизу чораамро ҷамъ карда, бо ашки шашқатор ба хонаи шавҳарам баргаштам.

-Духтарам, ту зиқ нашав, акнун ин навбат ману падарат ба хабаргирии ту меравем. Танҳо худатро эҳтиёт куну духтарчаатро беназорат нагузор,-маро ором мекарданд модарам.

Хулас, ба хонаи шавҳарам бо дили нохоҳам баргаштам. Бо дидани ман дар лабони хусурам табассум пайдо шуд. Дилам торафт тангтар мешуд. Ҳис мекардам, ки ҳамин ҳоло мекафад. Зумрадро дар гаҳвора бастаму аз пайи корҳоям шудам. Маълум буд, ки давоми ин як ҳафта хусурам ҳатто пиёлаи чойи нӯшидаашро нашуставу ҷойи хобашро дуруст накардааст. Хонаро ба тартиб овардаму зарфҳои ношустаро шустам. Дар як кунҷи хона куртаҳои сафеди Мансур мехобиданд, ки дарзмол кардан лозим буд. Ба дарзмол кардани куртаҳо машғул будам, ки хусурам аз дар даромад. Ӯ дигар худро идора карда наметавонист. Чашмонаш хун гирифта, симояш дар назарам даҳшатнок метофт.

-Азизам, чаро ин қадар дер баргаштӣ?-хусурам маро аз миёнам ба оғӯш гирифт. Мӯйҳои баданам ҳис кардам, ки рост шуданд. Чашмонамро пӯшидаму ба рӯяш як торсакӣ задам.

-Азизат кайҳост, ки аз ин дунё рафтааст. Чӣ қадар марди беимон ҳастӣ, ки ба келини худат даст дароз кардан мехоҳӣ. Шарм намедорӣ? Охир, ман ба ҷои духтарат мешавам.

Ӯро заррае парвои суханҳои ман набуд. Баръакс, аз оне ки як торсакӣ ба рӯяш задам, ба ғазаб омада, худашро ба болоям партофт.

-Дилрабоҷон, ман намехостам, ки ба шавҳарам хиёнат кунам, аммо муқобилият карда натавонистам. Дод гуфтам, то ҷон доштам зӯрӣ кардам, зора кардам, лекин ҳамааш бефоида буд.

…Манзура боз хомӯш монд. Ашки чашмонаш беист ҷорӣ мешуд. Аз ҷузвдонам сачоқчаеро бароварда додам, ки ашчи чашмонаро пок кунад. Ором кардан мехостам, ором намешуд. Ғӯра-ғӯра ашкҳояш ба рӯи миз мерехтанд. Бо дидани ин манзара дилам об шуд. Нахон як Манзураи паричеҳра, ки замоне садҳо харидор дошт, чунин рӯзу рӯзгор дошта бошад. Наход ӯ аз ҷониби хусури худ мавриди озори ҷинсӣ қарор гирифта бошад? Худоё, ин чӣ давру замон шудааст? Ё замона дигар шудааст ё мо инсонҳо… Агар аҳвол ҳамин бошад, чанд сол паси дигар аз инсонҳо ҳама корро интизор шудан мумкин аст.

-Ман ба касе дар ин бора чизе нагуфтаам, Дилрабоҷон. Илтимос мекунам, тавалло мекунам, ки ин гапҳо байни худамон монад. Ба касе дар ин бора лаб накушо, ки шарманда мешавам.

-Дилат пур бошад, дугона. Ба касе намегӯям, аммо…

Надонистам, ки барояш чӣ маслиҳат бидиҳам. Оҷиз монда будам пеши ин мушкилӣ.

-Аз болои хусурат шикоят накардӣ? Бигзор мақомот нисбаташ чора андешад.

-Наметавонам, метарсам…

-Аз чӣ метарсӣ? Ин ҷо тамоман гуноҳи ту нест. Ин ҳоло аввали кор аст. Агар ҳамин хел идома кардан гирад, вазъ тамоман дигаргун хоҳад шуд.

-Ту беҳтараш ба падари ман занг зан, то ки омада маро ба хона баранд. Ту медонӣ, ки барои хусурам мисли маъшуқа шудаам. Имрӯз низ ба ман наздик шудан мехост, вале аз хона баромада гурехтам. Мансур дар кор аст, хабаре надорад. Агар дар ҳақиқат маро дӯст дорад, чораи падарашро мебинаду зиндагиамонро ҷудо мекунад…

Манзура бо падараш телефонӣ суҳбат кард ва хоҳиш намуд, ки ҳамроҳи модараш зуд ба шаҳр баоянд. Аз қаҳвахона баромада, ҳамроҳ ба хонаи Манзура рафтем. Зумрадро гирифтему ба хонаи ман омадем. Ба Мансур ҳам занг задам. Аз ӯ хоҳиш кардам, ки зуд расида ба хонаи ман ояд. Кутоҳи гап, дар як лаҳза падару модари Манзура аз деҳа ва Мансур аз ҷои кораш расида ба хонаи ман омаданд. Манзура шарманда шудам гуфта, беист мегирист ва чизе ҳам гуфта наметавонист. Худам буду шуди ҳодисаро ба Мансур ва падару модари Манзура фаҳмонида додам.

-Дар ин ҳолат ба қаҳру ғазаб омадан фоида надорад. Дуруст фикр кунед ва ба қарори дуруст оед. Аслан, ман ҳақ надорам, ки ба ҳаёти шумо дахолат кунам, вале тоқат карда натавонистам.

-Кори хуб кардӣ, Дилрабо. Ту барои мо бегона нестӣ,-гуфт Мансур.

Манзура барои чанд муддат дар хонаи ман монд. Ба Мансур гуфтам, ки масъалаи хонаашро ҳал карда, баъд зану фарзандашро барад. Падару модари Манзура низ бо дили пур ба деҳа баргаштанд. Дигар аз Мансур пурсида натавонистам, ки бо падараш чӣ кор кард, вале аз Манзура ҳамин қадар шунидам, ки падару писар қаҳрӣ кардаанд. Дугонаам ба хонаи наваш кӯчид. Ҳоло, ки дар куҷо буданашро медонам, зуд-зуд ба хонааш меравам. Зумрад ҳам калонакак шудааст. Амаки Абдулло дар ҳавлӣ худаш танҳо зиндагӣ мекунад. Дигар фарзандонаш аз ҳолаш мепурсанд ё не, намедонам. Бо нақли ин қисса ба қавииродагии Мансуру Манзура аҳсан гуфтаниям. Новобаста аз пастиву баландиҳои зиндагии рӯзгори онҳо имрӯз ширин аст. Худо худаш шоҳид. Ҳар нафари бадкарда дар охират беҷазо нахоҳад монд. Худу наздиконатонро эҳтиёт кунеду дар паноҳи Худо бошед.

Дилрабо Усмонова, омӯзгор аз ш.Душанбе

 

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД