Sebiston new 2024 october
Арӯси муштзан қисми 1
1749

 

Сапеда дар оилаи марди деҳқон тавлид шудаю ба воя расид. Модараш маълумоти олӣ надошта бошад ҳам, ба хотири дониши хубу ахлоқи намунавӣ доштанаш пас аз хатми мактаби миёна ӯро сарвари китобхонаи деҳа монданд. Чун ба Сахидоди деҳқон ба шавҳар баромад, ҳамсари болобаланду меҳрубонаш садди роҳаш нашуд ва Саида ба кори дӯстдоштааш машғул шуд.

Пас аз барҳам хӯрдани иттиҳоди шӯравӣ аксари китобхонаҳо аз байн рафта бошанд ҳам, Саида талош карда коргоҳашро нигаҳ дошт. Сахидод аз ҳисоби худаш китобхонаро таъмиру тармим мекард ва он ягона маркази маърифат дар деҳот ба шумор мерафт.

Ин хизмати Саидаро баъдҳо қадр карданду пеш аз ҳама китобҳои тозанашрро низ ба китобхонаи ӯ меоварданд. Аз ҳама муҳимаш чор фарзанди ӯ байни китобҳо калон шудаю соҳиби дониши баланд буданд. Духтари калонияш Малика духтур, Меҳрдод шарқшинос, Шаҳрзод ҳуқуқшинос ва духтари хурдияшон Сапеда иқтисодчӣ шуда бошанд ҳам, аз адабиёту таърих ва фарҳанги миллати хеш хуб огаҳ буданд.

Ҳама фарзандони ин оилаи намунавӣ соҳиби оилаю хонаю дари обод буданд ва бо донишгоҳро тамом кардани Сапеда хостгорон остонаи хонаи онҳоро ба қавле охурча карданд.

Бачаи хондагӣ

Чун домоди калонии ин оилаи фарҳангӣ, ба қавли мардуми русто хондагӣ, яъне омӯзгор буд, Сахидоду Саида қарор доданд, ки кенҷадухтари соҳибҷамолашонро албатта ба ягон бачаи хондагӣ медиҳанд ва бачаи хондагӣ низ пайдо шуд. Аз деҳаи ҳамсоя Омил-чӯпон ба хостгорӣ омад, писари ӯ Одилҷон хатмкардаи Донишгоҳи аграрӣ будаасту дар пойтахт кору зиндагӣ менамудааст.

-Писарам дар Душанбе зиндагӣ мекунад, вале мо келинро дарав ба он ҷо фиристоданӣ нестем, як-сол ду-сол ҳамин ҷо хизмати моро карда гардад, баъд писари хурдиро зан медиҳему ӯро назди шавҳараш мефиристем,- пӯсткандаи гапро гуфт Омил-чӯпон ва афзуд,- писарам ба деҳа баргаштан намехоҳад, кори илмӣ мекардааст, шояд келин ӯро барои баргаштан ба деҳа талқин мекунад?

Сапеда ба падараш гуфт, ки мехоҳад домодшавандаро дида, бо ӯ суҳбате ороста, баъд ба тӯй розигӣ диҳад, падар ба ин розӣ шуд ва домоду арӯс дар маркази ноҳия бо ёрии волидон ҳамдигарро диданд.

Сапеда аз нигоҳи аввал ба Одилҷон писанд омад ва тарзи гапзанию, чеҳраи нуронии ин ҷавони сабзина низ Сапедаро хуш омад ва онҳо маслиҳат карда, рӯзи тӯйро аниқ намуданд.

Тӯйи ин ҷуфти зебо хеле бошукӯҳу гуворо гузашт. Сапедаи чолоку ба дасту панҷа дар як муддати кӯтоҳ дили хусуру шавҳарро ёфт, вале хушдоману додаршӯи ландаҳураш аз рӯзи аввал ба вай бо шубҳа менигаристанд…

Арӯси хаппак

Пас аз чил рӯзи тӯй Одилҷон ба Душанбе рафту ба арӯсаш ваъда дод, ки пас аз як –ду моҳ хонаи иҷора гирифта, албатта ӯро мебарад.

- Ҳоло ман дар хобгоҳи аспирантҳо зиндагӣ мекунам, бояд ба кори нав гузарам, ҳамин ки хонаи иҷора гирифтам, омада туро мебарам. Аз ту хоҳиш дорам, ки дар муносибат бо модару додарам эҳтиёт бош, онҳоро ҳурмату эҳтиром намо…

Одилҷон рафт ва сар шуд рӯзи сиёҳи арӯс, аз рӯи шарти пешакӣ гузоштаи падараш Сапеда корашро идома дод, ӯ дар ҳукумати ноҳияашон ба ҳайси муҳосиб кор мекард.

Ба хотири гап нашунидан, субҳи барвақт хеста, намозашро мехонду наҳорӣ тайёр менамуд, худаш хӯрда нахӯрда ба кор мерафту бегоҳ аз кор баргашта, либосҳояшро кашида мепартофту аз пушти кору бори хона мешуд.

Аслан, хусураш шабу рӯз аз пушти моли давлат буду бо ҷиянҳою хешу табораш аз пушти касби бобогӣ нон меёфт, ҳевари ландаҳураш бошад, дар хона бекор ҳамроҳи модар ғайбат карда менишасту ягон бор ба падараш ёрӣ намедод. Хушдоманаш худ аз худ қаҳр карда, бо келинаш гап намезад, чун медид, ки Сапеда бо сари хам ҳама заҳри забону борони қавоқҳои ӯро таҳаммул мекунад, роҳи дигари ҷазо додани арӯси хаппакро ёфт.

Дар хӯрокҳои пухтаи келин намаки зиёд андохта, баъд ғур-ғур карда менишаст, ки пирдухтарҳои хондагӣ ягон корро наметавонаду ҳайфи писари озодааш! Сапеда шабона аз алами зиёд гиря мекарду суханҳои Одилҷон ба ёдаш расида, боз аз ҷояш бо табъи болида хеста, хизмати хушдомани ҷоҳилашро мекард.

Як рӯз баъд аз ғур-ғури навбатии хушдоман, ҳевараш бо чӯбе чандто ба пушти ӯ зад. Сапеда ба рӯи Валии аблаҳ нигоҳ накарда, ба хонааш даромаду зор-зор гирист, ҳамон рӯз Одилҷон ҳамсари ҷавонашро пазмон шуда, ба деҳа омада буду Сапедаашро сиёҳу кабуд ёфта, ҳуш аз сараш парид…

Давом дорад ...

Поделиться новостью
Шарҳ
(1)
Хабиба 2023-08-06, 15:20
Оила шумо худатон мехонед чи менависед дар якчо номи духтар Сапеда дар як чо Саида илтимос чизе ки менависед авал хонед бад нашр кунед !!!
Посух
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(1)
Хабиба 2023-08-06, 15:20
Оила шумо худатон мехонед чи менависед дар якчо номи духтар Сапеда дар як чо Саида илтимос чизе ки менависед авал хонед бад нашр кунед !!!
Посух
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД