Arzon march 2024
АРӮСИ БЕДОМОД (ҚИСМИ 2)
07.11.2021
ДИЛОШӮБ
2893

                              Тӯйи хунин

Дар ду хонавода ташвишҳо ва тайёрӣ ба тӯй оғоз шуд. Ҳарчанд зимистони ин минтақаи кӯҳистони кишвар қаҳратуну яхбандӣ бошад ҳам, ҳама бо дили гарм ба тӯй тайёрӣ медиданд. Апаву хоҳарони Озар, янгаву бародараш низ ҳамеша дар бараш буданд. Рӯзи тӯй фаро расид, барфи чанд рӯз пеш борида об намешуд, зеро хуршед хасисӣ карда, рӯяшро нишон намедод. Хешу табор аз дуру наздик ба тӯй меомаданду шаҳбача ҳамроҳи ҷӯраҳояш худашро орову торо дода, барои овардани арӯс ба роҳ баромаданд. Дар се мошин шаҳмардҳо, аммаву холаи арӯс ба роҳ баромаданд, роҳ дур набуд, вале дар роҳҳои вайрону яхбастаи кӯҳистон рафтан душвор буд. Дар як каҷӣ мошине, ки дар он домод бо ҷӯраҳояш ва амакаш савор буданд, ба ҷарӣ парид, ду мошини аз қафо омада ин ҳолатро дида, аввал каме карахт шуданду баъд аз мошинҳо поин шуда, ба ёрӣ шитофтанд. Ронанда ва амаки Озар дар ҷояшон ба ҳалокат расиданд, домоду ҷӯраҳояшро дар ҳолати вазнин ба беморхона интиқол доданд…

Дар хонаи домод ҳама интизори арӯсу домод буданд, холаи Марямбӣ ҳамаро хушомадед мегуфту тахт зада, омадани шаҳбачаашро интизорӣ мекашид. Модари хушармон мехост сартарошони писараш ба дараҷаи олӣ гузарад. Хонае, ки бояд арӯс бо янгаҳояш менишаст, бисёр зебо оро дода шуда буд. Аммо ӯ намедонист, ки ҳозир писараш ба хоку хун олуда бо марг дар набард аст. Ин овозаи шум зуд ба деҳа расид, занҳо якта- якта тӯйхонаро тарк карданд, Марямбӣ чизеро ҳис карда, ба шарбатхона даромад, ки зани ҳевараш бо духтаронаш гиря карда нишаста буданд. Ӯ ин хабари шумро шунида, беҳуш шуд ва чун ба худ омад, “маро пеши писарам баред” гӯён, фиғон бардошт. Мардум модари ғамзадаро ором мекарданд, ки ҷасади амаки арӯс ва ронандаро оварданд, чӣ мотами талхе буд, деҳа мотамкадаи бузургеро мемонд, ҳама мегиристанд…

                          Арӯси бе домод

Ҳамон бегоҳ ду майитро ба хок супориданду рӯзи дигар чанд нафар ба маркази ноҳия барои дидани маҷрӯҳон рафтанд. Ҳолати ду рафиқи домод каме хубтар буд, аммо аҳволи Озар хеле бад буд. Азиза бо ранги кандаю гесӯвони парешон болои сараш меистод, холаи Марямбӣ ӯро оғӯш кашида, аз ҳуш рафт. Озар гӯё азобҳои модару маҳбубашро дидан намехост, ки як чашм боз карду аз чашмонаш чанд қатра ашк ба рӯйи рухсораҳои захминаш равон шуданду ҷони ҷавонашро ба ҷонофарин супорид. Тӯй ба мотам мубаддал гашт, арӯси бе домод ҳамроҳи корвони одамоне, ки ҷасади хунуки шаҳи нозанинашро мебурданд, ба хонаи домод рафт. Аз дидани ин манзара замину осмон мегиристанд, ба тасвири он дунёи алам қаламам оҷизӣ мекашад. Азиза шабу рӯз ашк мерехт ва пойҳои модари домоди номуродашро оғӯш карда, аз паҳлӯи вай ҷое намерафт. Дили холаи Марямбӣ аз дидани арӯсаки нозанини писари ғурамаргаш  хунтар мешуд, вале миёнашро маҳкам баста, аз ҷояш хесту ба Азиза гуфт:

-Хез духтарам, ба хонаатон рав, дар насиби писари ман набудаӣ, хушбахт шав.

Азиза пеши пойи холаи Марямбӣ афтида, зорӣ мекард, ки ман аз хонаи шумо намеравам. Холаи Марямбӣ ба хешу табори аӯсаш гуфт, ки агар хоҳиши Азиза ин аст, бигузор ин ҷо бимонад ва ман ӯро духтарқаторӣ ба шавҳар медиҳам, аммо ин хел нашуд…

Азизаро ба хонаи худашон бурданд ва модар ба тақдир тан дод, аз ин воқеа чанд сол гузаштааст, вале мардум онро ҳоло ҳам бо оби дида ёд мекунанд.

Худоё, ҷавононро дар паноҳи раҳматат нигаҳ дор!

                                                                                                Дилошӯб

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД