Азизаи нозанини хушқомат, ки мӯйҳои дарозашро як духтари дигар мегиранд, ҳеҷ натавонист аз рӯҳафтодагӣ барояд.Эҳсоси гунаҳгор будан вуҷудашро ба панҷаи шахшӯл гирифта мефишораду мефишорад. Чӣ қадар гарон аст ин эҳсоси мағшуш, худатро гунаҳгор меҳисобию барои ислоҳи он коре карда наметавонӣ. Баъд аламатро аз гиря мегирӣ ё аз хомаю дафтар, менависию медаронӣ, медаронию аз сари нав менависӣ. Гоҳе ҳалқаи ин буғз гулӯятро чун ҳалқаи дор мефишорад, аммо илоҷе надорӣ, ҳарчанд аз зиндагӣ безорӣ, вале «шод бояд зистан, ношод бояд зистан»…
Ду ошиқ
Азизаву Озар аз ноҳияи дурдасти кӯҳистон ба пойтахт барои хондан омаданд, мехостанд омӯзгор шаванд. Ба муроди дил расиданду пушти партаи донишҷӯйӣ нишастанд. Ҳар ду аз як ноҳия, вале деҳаҳои гуногун буданду дар Душанбе бо ҳам ошно гаштанд. Аввалҳо бо ҳам дӯст буданд, вале оҳиста-оҳиста ин дӯстӣ ба ишқи бузурге мубаддал гашт. Ишқи онҳо ҳақиқӣ буд, орӣ аз ҳама гуна бӯсу канору дидорҳои шабона. Аслан минтақае, ки онҳо ба воя расидаанд, як вижагии хосаш ҳамин одобу ахлоқи шоиста мебошад. Омӯзгорон, ҳамсабақон ва шиносу бегона ба ин ҷуфти зебо бо ҳавас менигаристанд, дониши хуб ва ахлоқу одоби шоистаи боиси таҳсини онҳоро ба дигарон мисол меоварданд. Азизаву Озар медонистанд, ки падару модар ба сад ҳавас онҳоро барои донишандӯзӣ ба пойтахт фиристодаанду онҳо бояд хонанд ва бо сари баланд ба ноҳия баргарданд. Хоса Азиза мехост касе дар борааш сухани зиёдатӣ нагӯяд, зеро аз деҳаи онҳо хеле кам духтарон донишҷӯ мешуданд. Падараш ҳангоми гуселаш ба вай гуфт:
-Духтарам, ман мехоҳам ту хонда, соҳибкасб шавӣ ва нонатро бе миннати касе пайдо намоӣ, илтимос, боварии маро сазовор бош!
Озар низ кӯшиш мекард то ба номи мубораки маҳбуби дилаш ғуборе нарасад.
Табассуми бахт
Солҳои донишҷӯйӣ бо ҳама шириниву талхии худ дар як мижа задан гузаштанд ва Азизаву Озар хурсандона ба сӯйи зодгоҳи биҳиштосояшон роҳ гирифтанд. Ҳарчанд душвор буд бо ҳамсабақону шӯхиву хандаҳои ҷавонӣ падруд гуфтан ва пӯшидани як саҳифаи хеле хуши зиндагӣ, вале нишоти дидори волидайну пайвандон, дар амал нишон додани он чӣ ки дар донишгоҳ омӯхтанд, лаззати дигар дошт.
Роҳи дарози байни пойтахту зодгоҳро ду дӯстдошта бо ҳам кохи забарҷади орзуҳояшонро месохтанд, бехабар аз зулми чархи ҷафопеша. Озар ба Азиза гуфт:
-Як- ду соли дигар маро мунтазир мешавӣ, зеро ман бояд кор кунаму хонаву дарамонро ба тартиб оварда, баъд хонадор шавам. Акаам ба Русия рафта, азоб кашида кор карду хона сохт, ман ҳамроҳи падару модарам мемонам ва бояд каме дигаргунӣ карда, баъд арӯси нозанинро биёрем. Азиза аз шарм то баногӯш сурхида, посух дод, ки ман ҳам як-ду сол кор мекунаму ҷиҳоз меғундорам.
Азиза дар деҳаи худашону Озар дар зодгоҳи худаш ба кор оғоз карданд, деҳаҳои кӯҳистон аз ҳам дар масофи чил километр воқеъ буданд. Ду дилдода гоҳ-гоҳе дар ягон маҷлису маҳфил дар маркази ноҳия вомехӯрданд, боқӣ бо зангҳои телефониву паёмакҳои меҳромез якдигарро шод менамуданд. Озар дид, ки бо маоши муаллимӣ коре карда намешавад, ҳамроҳи бародараш озими Русия шуду якуним сол кор карда, бо ёрии бародараш хонаву дари пешинаашонро афтонда, хонаҳои нав сохт ва волидонашро бо нияти хостгорӣ ба хонаи маҳбубааш фиристод. Пайвандони Азиза аз ишқи ду ҷавон огаҳ буданду розигӣ доданд. Дар берун барфи лаклакӣ меборид, вале муждаи васл дили ду ҷавонро баҳороганда карда буд.