arzon replenishment
Арӯси бадном
07.08.2022
ҲИЛОЛА
3221

 

               Бебахт

Ман дар оила фарзанди калонӣ будаму як додар доштам. Ҳангоми дар синфи ҳаштум хонданам, падарам дар садамаи автомобилӣ ҳалок гашту зиндагӣ ба шонаҳои нозуки модарам бор шуд. Бечора очаҷонам то метавонист, меҳнат карда, моро ба по монд. Як хеши дури падарам ба ман хостгор шуду модарам нею нестон накарда, маро ба шавҳар дод. Дар хонаи шавҳар зиндагии хуб надоштам, зеро ҳамеша таънаам мекарданд, ки ятимдухтари камбағали беҷиҳозам. Оқибат баъди ду сол бефарзандиямро баҳона карда, кафшҳоямро пеши по монданд, аммо аз ин хафа нашудам, зеро аз таънаю эроди эшон ба ҷон омада будам. Модари бечораам маро бо дидаи гирён пешвоз гирифт, ман бошам, худро ба даст гирифта, як қатра ашк нарехтам ва ду рӯз пас дар беморхонаи ноҳияамон, ки дар паҳлӯи хонаамон воқеъ буд, чун фаррош ба кор даромадам. Соли дигар бошад, дар ноҳияамон филиали коллеҷи тиббии вилоят кушода шуду бо ёрии ҳамкоронам ба коллеҷ дохил шудам, баъди дарсҳо корамро дар беморхона идома додам. Давоми чор соли таҳсилу кор ман аз тамоми нозукиҳои касби табибӣ огаҳ шудам, акнун ҳамшираи шафқат будам. Дар ин миён хоҳарамро бо обрӯи зиёд ба шавҳар додему барои додарам, ки дар синфи нуҳум мехонд, мағозаи хурди хӯрокворӣ кушодам. Модару додарам дар мағоза кор мекарданду ман бошам, дар беморхона, зиндагиамон таровати дигар гирифт, оҳиста-оҳиста хонаҳоямонро таъмир карда, ба сафи одамон даромадем. Дар панҷ соли ҷудоӣ аз шавҳар бо марде муносибат надоштам, вале як воқеа ҳаёти маро пурра тағйир дод. Баъзан он рӯзи шуморо ба хотир оварда, дар дил мегӯям, ки кош он дар тақвими умрам намебуд, гоҳи дигар аз қисмати додаи Худованди бузург шукрона мекунам. Чӣ имтиҳонҳоеро гузаштаам дар ин умри кӯтоҳ, гоҳо сари сахтамро бо дастони худам сила карда, дилам ба ҳоли худам месӯзад, сахт месӯзад…

                                       Лӯхтакбоз

Рӯзе ба беморхонаамон мардеро оварданд, ки дар садамаи сахти нақлиётӣ афтида буд. Азбаски дар беморхонаи ноҳия мо асбобҳои ташхиси устухон ва духтури хуби шикастабанд надоштем, беморро ба маркази вилоят фиристоданд. Духтур гуфт, ки дар роҳ мумкин аст авҳоли бемор бад шавад ва додари ӯ, ки ҳамроҳи акааш буд, аз ман хоҳиш кард, ки онҳоро ҳамроҳӣ кунам. Ман ҳамин тавр кардам, беморро то беморхонаи вилоят расонида, худам бегоҳӣ бо таксии кирокардаи додари ӯ ба хона баргаштам. Ҷавонмард ҳангоми хайрухуш “ман албатта шуморо меёбам” гӯён ваъда дод. Баъди як моҳи ин воқеа Эҳсон маро ҷӯста, ба беморхона омаду бароям тӯҳфаҳои зиёд, пул ва як роҳхат ба осоишгоҳи машҳуреро овард. Ӯ изҳори миннатдорӣ карда гуфт, ки агар ман намебудам, акааш дар роҳ аз фишори баланди хун ба ҳалокат мерасид, воқеан ҳамон рӯз дар роҳ ман ду бор ба марди осебдида дору гузаронида будам. Ба модарам гуфтам, ки биё ҳамроҳ ба осоишгоҳ меравему шаш рӯз дам гирифта бармегардем, вале ӯ рад карда гуфт:

-Духтарҷон, ҳамин қадар меҳнате мекунӣ, ки дилам ба ҳолат месӯзад, худат рафта дувоздаҳ рӯз дам гирифта баргард!

Ман рухсатии меҳнатӣ гирифта, ба осоишгоҳ рафтам ва дар он ҷо бо додари ҳамон марди бемор вохӯрдам, ҳис кардам, ки ҳама меҳрубониҳои Эҳсон бесабаб набудааст… Эҳсон ба ман изҳори ишқ карду мани ташнаи меҳрубонӣ хеле осон ба бистари вай даромадам, ҳамин дувоздаҳ рӯз мо чун зану шавҳар дар осоишгоҳ давр рондем. Эҳсон ҷавонмарди болобаланди зебо, пулдор ва соҳибмансаб буд, ду зан доштааст, вале болои ҳамаи ин ба ман ошиқ шудааст, аммо ҳамаи ин макри марди лӯхтакбоз будааст. Пас аз осоишгоҳ Эҳсон маро ба куллӣ фаромӯш кард, чанд бор ба суроғаш рафтам, аммо муҳофизони коргоҳаш маро ба ӯ наздик шудан намонданд. Боре сари қаҳру ғазаб бо марди дигар шинос шудам, ҳамин тавр барқасди Эҳсон бозичаи дасти мардони ҳавасбоз гаштаму ҳисоби ошиқонамро намеёфтам, яъне як марди ҳавасбоз аз мани беирода фоҳиша сохт. Шояд Эҳсон ҳам дар ин воқеа гунаҳгор набуд, айби ман буд, ки ба вай бовар кардам. Барои ин гуна мардон боварӣ, ишқ, дӯстдорӣ вуҷуд надорад, онҳо занро мисли бозичае медонанд барои рафъи хумор.

                                         Ботлоқи мурдор

 

Худситоӣ мешавад, вале бояд бигӯям, ки ҷавонзани ниҳоят зебо будаму дар давраи гулгулшукуфии ҳусну ҷамол қарор доштам. Дигар муҳити ноҳия бароям тангӣ мекарду ба гиряҳои зор-зори модарам нигоҳ накарда, ба пойтахт омада, курси маҳсгариро ба итмом расонидаму дар клиникаи шахсие маҳсгар шудам. Мардонро чун дастпӯшак иваз мекардам, мардони айёш б ахотири ҳусну ҷамол бароям чизеро дареғ намедоштанд. Дар ду сол соҳиби хонаи шахсӣ ва мошин гаштам, додарамро ба донишгоҳ дохил карда, тиҷорати модарамро ривоҷ додам, аммо ҳама медонистанд, ки ман фоҳишаам. Ман ба қавле фоҳишаи «элитни» будам, танҳо бо мардони сарватманд хобу хез мекардам, вале бо як марди хориҷӣ шиносоӣ пайдо намуда, гирифтори бемории оташак (сифлис) шудам. Дар сару рӯям ҳар гуна захмҳо баромада, миҷгону абрӯ ва мӯйҳоям рехтанд, ин аҳволро дида, маро аз кор ронданд. Дар бораи ошиқҳоям бошад, ҷойи гап нест, онҳо аз ман чун махав ҳазар мекарданд. Ин ҳолро дида, тамоми ороишоти қимматбаҳо ва мошинамро фурӯхта, ба Русия барои табобат рафтам, баъди барқарор намудани саломатиям дар толори варзишие ба ҳайси маҳсгар ба кор даромадам. Тарки одат амри маҳол гуфтагӣ барин боз шиносҳои нав пайдо карда, фоҳишагиро сар кардам. Ҳар субҳ аз хоб мехестаму пеши худ мақсад мегузоштам, ки дигар бо ин роҳи каҷу бадномиовар намеравам, вале боз иродаам сустӣ мекард. Ин ботлоқи мурдори пур аз фисқу фасод, маро то гулӯ фурӯ бурда буд, роҳи халосӣ аз онро Худованд медонисту халос, ки шояд аз мани осӣ безор буду ба гӯшаи фаромӯшиям афканда буд.

                                         Ҳушдор ва шонс

Ин дафъа Худованд маро сахттар ҳушдор дод, ҳамроҳи як сарватманди арманӣ ба хонаи ӯ мерафтам, ки ба садама дучор шудем. Ошиқам ҷо ба ҳалок шуду ман бошам, ба беморхона афтидам, мисли бесоҳибон дар гӯшае бо дасту пойи шикаста мехобидам. Бар замми азобҳои зорам, хешу табори он арманӣ, хоса занаш бо таҳдиду таадӣ ба сарам меомаданд. То он даме, ки кормандони ҳифзи ҳуқуқ пеши роҳашонро гирифтаву нагуфтанд, ки садама бо корношоям будани кадом як қисми мошин рӯй додааст. Ба занаш бошад, гуфтам, ки ман маҳсгарам, фарқ надорад, кӣ маро барои маҳс кардан мебарад ва ман бо шавҳари ту ягон алоқа надоштам. Пас аз чанде кам-кам роҳ мегаштагӣ шудам ва аз забони духтурҳо шунидам, ки дар палатаи дигар як марди тоҷик мехобад, ман ба назди ҳамшаҳриям даромада, хеле сӯҳбат кардам. Ҷавонмард Шараф ном дошта, соҳибкор ва шаҳрванди Русия будаасту авбошон дар роҳрави хонааш ба вай ҳуҷум карда, бо корд захмияш намуда буданд. Ману ҳамшаҳриям унс гирифтем, маро касе хабаргирӣ намеомаду хабаргирони ӯ аз мӯйи сараш зиёд буданд. Як бегоҳ дилам пур шуду тамоми саргузаштамро ба ҳамшаҳриям нақл кардам, ӯ бо сари хам маро гӯш карда чизе нагуфт. Азбаски захмҳои Шараф сабук буданд, ӯро ҷавоб доданд, аммо ӯ ҳар рӯз ба хабаргирии ман меомад. Пас аз як моҳ маро аз беморхона ҷавоб доданд, бо чигас роҳ мерафтам, аз Шараф хоҳиш кардам, ки бароям чипта харида, маро ба Тоҷикистон равон кунад. Шараф хоҳиши маро ношунида гирифта, маро ба бӯстонсарояш, ки берун аз шаҳри Маскав воқеъ буд, бурд. Чанд рӯз он ҷо мондам, ҳавои тоза, зиндагии серу пур ба ман таъсир карду каме ба худ омадам, як бегоҳ Шараф наздам омада гуфт:

-Салоҳат, кормандони ҳифзи ҳуқуқ ҷинояткорони ба ман ҳуҷум кардаро ёфтанд, онҳоро ҳамсарам, фармуда будааст. Наташа русдухтар асту дар хонаи бачаҳо тарбия ёфтааст, ман дӯст дошта, ҳамроҳаш хонадор шудам. Барои ӯ шуда, хоҳиши волидонамро дар замин гузошта, зани тоҷик нагирифтам. Аммо ӯ ҳамеша рашк мекард, агар каме дер оям, “ягон тоҷики ифлосатро ёфтӣ” гӯён, моҷаро мебардошт, бар замми ҳамаи ин фарзанддор нашудем. Акнун кор то ҷое расида, ки ӯ барои куштани ман қотил фармоиш додааст. Вале ман аризаамро гирифтаму боз пул дода, ӯро аз ҷавобгарӣ халос кардам, акнун аз вай ҷудо мешавам, агар пеши Худо аз ҳама корҳоят тавба кунӣ, ман туро ба занӣ мегирам. Ман намедонистам чӣ гӯям, зеро ҳеҷ гумон надоштам, ки ин гуна марди чор кас медидагӣ мани фоҳишаи беобрӯро харидор шавад, шояд Худо бори дигар ба ман шонс дод?

                                       Дар ватан

Пас аз чор моҳи интизориҳо, Шараф аз Наташа ҷудо шуду хонаеро, ки онҳо зиндагӣ мекарданд, ба занаш дод. Ба дасти ман ду ҳазор доллар (он вақт ба ду ҳазор доллар хонаи дуҳуҷрагӣ мехаридӣ) дода, ба Ватан гуселам кард ва гуфт, ки пас аз як моҳ ба хостгорӣ меояду маро бо расму русуми миллӣ тӯй карда мегирад. Ман аз фурудгоҳ рост ба хонаам омадам, ки дар он додари донишҷӯям зиндагӣ мекард. Дарро ба рӯям модарам кушод, ки дар ин ду соли бехабарии ман хеле пир шуда буд. Бечора очаҷонам маро дидан замон ҳушаш рафт. Бо як азобе ӯро ба худ овардаму дукаса зор-зор гиристем, гап зада- гап зада бегоҳ шудани рӯзро нафаҳмидем, додарам низ омаду мо аҳли оила сарҷамъ хӯроки шом хӯрдем. Бовар намекунед, ки наскпиёбаи пухтаи модарам, ки ғайри пиёзу наск ва каме равған чизе надошт, бароям лаззате дошт ногуфтанӣ. Додарам бо ман бедимоғ буд, вале модарам ӯро хонаи дигар дароварда, ҷанг карду чеҳрааш каме кушода шуд. Модарам нақл кард, ки барои бор омадаасту фардо ба деҳа бармегардад, ман низ ҳамроҳаш ба деҳа рафтам. Аз хона берун намебаромадам, модарам ба кор мерафтанду ман ба корҳои хона машғул мешудам, каме аз маблағи овардаам сарф карда, хонаю дарро ҳамроҳи додарам ба тартиб овардаму аз додарам хоҳиш кардам, ки чор гӯсфанд харида биёрад. Тамоман зани хонагӣ шуда, ба парвариши чорво машғул шудам, ҳаққу ҳамсоя аввалҳо дар ҳаққи ман суханҳои ҳархела гӯянд ҳам, баъдҳо гуноҳҳоямро фаромӯш карданду дасти ту сабук гӯён, наздам барои сӯзандору гузарондан меомаданд. Зиндагӣ дар маҷрои худаш равона буд, панҷ вақт намозамро мехондам, агар ҳамсояҳо маҷбур созанд, ба ягон маърака мерафтам, дигар мурғи побанди қафас будам. Баъзан рӯи ҷойнамоз аз Худованд хоҳиш мекардам, ки дар сари Шараф ёди маро андозад то суроғам биёяд, вале медонистам ин орзуи муҳол ва дастнорас аст…Як ҳамсинфам солҳои мактабхонӣ маро дӯст медошт, пас аз як моҳи омадани ман занаш сари фарзанд рафту бо тифлаки ширхорааш ҳайрон монд. Модараш ба ӯ гуфтааст, ки агар хоҳӣ, Салоҳатро бароят хостгорӣ мекунам, аммо вай маро ҳақорат додааст, ки вай бебало ин қадар хонагӣ нашудааст, шояд ягон бемории ҳаром дорад. Инро шунида, чизе нагуфтам, вале пас аз чанд рӯз аз беморхона омада, маро даъват карданд, ки рафта аз ташхис гузарам. Духтури шинос бо хиҷолат гуфт:

-Салоҳатҷон, ба Худо моро аз милиса маҷбур кардаанд. Кадоме овозаҳои безебро дар бораи ту паҳн кардааст. Ман чизе нагуфта, рӯзи дигар рафта тамоми ташхисҳоро супоридам ва шукри Худо, ки сиҳату саломат баромадам, вале ҳолати рӯҳиям хеле бад шуд. Ба инсонҳо дигар боварӣ надоштам, вале Худованд меҳрубон аст…

                                   Арӯси бадном

Аз бозгашти ман ҳафт моҳ пур мешуд, ман умедамро аз омадани Шараф батамом кандам, аммо як шоми баҳорӣ мошини хориҷии зебое пушти хонаамон қарор гирифту аз он ду зани миёнсоли деҳотӣ ва Шараф фаромада омаданд. Аз пушти мошин чанд дастурхон фароварданд, модарам ҳайратзада гоҳ ба меҳмонону гоҳ ба ман менигарист, зеро ман дар бораи Шараф ба вай чизе нагуфта будам. Сари дастархони пурнозу неъмат Шараф аз модарам дасти маро пурсид, модари лолу ҳайронам гуфт:

-Бачам, ту як ҷавони зебои баобрӯ, духтари ман зани шавҳардидаи бадном, зеби ту надорад…,-Шараф дастони модарамро бӯсида гуфт:

-Холаҷон, ман Салоҳатро мешиносам ва дар борааш ҳама чизро медонам, ман низ он қадар хушном нестам, падару модарам барои зани тоҷик нагирифтанам аз ман хафа дунёро падруд гуфтанд. Бародари ягонаам то ҳол ҳамроҳам гап намезанад, -ба зани солортар ишора карда гуфт,- ин кас янгаам, ба ҷойи модарам, инаш бошад апаам, илтимос розӣ шавед,- Апаи Шараф низ ба модарам нигариста гуфт,- апаҷон мо низ мисли шумо деҳотӣ ҳастем, ба хотири канда нашудани пайванди ҳамин додараки ман аз Ватан розӣ шавед.

Хулоса, янгаю апаи Шараф модарамро розӣ карданду баъд аз як ҳафта бароям мисли духтарон сарупо оварда, маро арӯс карда, ба ноҳияи дигар бурданд. Мо як сол дар деҳа будем, Шараф дар ин байн чанд бор Маскав рафта омаду баъд маро низ ҳамроҳаш ба Русия бурд. Шавҳарам он қадар ба ман меҳрубон аст, ки баъзан худамро мепучидам, ки хобам ё бедор, наход ҳамаи ҳамин бахту тахт ба ман насиб карда бошад! Инак, бист сол боз ман бо шавҳарам зиндагии хушнудона дорем, гоҳ дар Маскав ҳастему гоҳ дар Ватан. Ду писари нозанин дорем, калониро хонадор кардему дар симои келинам соҳиби духтар низ шудем. Тӯли ҳамин солҳо ягон бор шавҳарам гузаштаамро ба ман ёдовар нашудааст, вале рӯзи бистсолагии тӯямон зиёфат ороста, ҳама хешу таборонро ҷеғ задему баъди анҷоми зиёфат зану шавҳар дукаса то дер суҳбат карда нишастем. Бори аввал баъд аз бист сол ба Шарафҷони азизам изҳори ташаккур кардам, барои бахти шикастаи маро бо ҳам диданаш. Ӯ маро ба оғӯш гирифта бӯсиду гуфт:

-Азизам, ту намедонӣ, ки одамон чӣ қадар бераҳманд, тӯли бист соли зиндагиям бо ту, кадом ҳамдеҳаатро вохӯрда бошам, албатта як бор гузаштаи туро ба ёдам меовард, боз ҳамаи онҳо мардон буданд… Аммо ту барои ман ягона, азиз, бонуи хонадон ва модари фарзандонам боқӣ хоҳӣ монд, дигар ягон бор дар хусуси гузашта сухан нагӯй!

Ман саргузашти талхамро ба он мақсад расонаӣ кардам, ки ҳамаи онҳое, ки муштарии ҳафтавори дӯстдоштаам «Оила» ҳастанд, онро бихонанд ва дар ҳама ҳолате, ки набошанд, рӯ ба Худо биёранд. Барои қасд гирифтан аз ноҷавонмарде, худро ба вартаи бадномӣ афкандан кори бонуи оқил нест. Ман ҳамаи инро таҷриба кардаам ва дидам, ки Худованд бандаашро дар мушкилтарин лаҳзаҳо ҳам танҳо намегузорад.

 Салоҳат (номи шартӣ)

                                                                             Таснифи Ҳилола

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД