Formula novemver 2024
АРӮСИ ҲАФТРӮЗА (ҚИСМИ 2)
4932

 

Давомаш ...

- Дастамро сар диҳед! - дод зад Нигина.

Овози ӯро садои мусиқӣ пахш мекард ва ҷуз Сардор касе аз ҳолаш огоҳ набуд.

- Сардор, - дод зад Нигина.

Сардор ба ҷониби соҳиби овоз ҳатто нимнигоҳе ҳам накард. Ӯ тамошобин шуда меистод.

Аскар ҷавони боқувват буд. Ӯ дар як дам Нигинаро ба таги дарахт кашида оварду аз дасташ сахттар дошта:

- Барои чӣ аз ман метарсӣ? Магар ман туро мехӯрам?, гуфта, лабонашро ба рӯи духтар наздик овард.

- Сар деҳ гуфта истодаам. Агар ин амалатро ба падарам гӯям, дар ҳабс пӯсида меравӣ, аблаҳ.

- Натарсон маро! Ба ту чанд сухани хуб гуфтаниам. Натарс, ҳеҷ кор намешавад. Ҳозир ҷавобат медиҳам, меравӣ. Гӯш кун, Сардор! Ту чанд лаҳза морор танҳо гузору дафъ шав аз ин ҷой!, - гуфта, ба сари ҷӯрааш дод зад.

- Илтимос, ягон муаллимаро ҷеғ зан, Сардор, - ба зорӣ даромад духтар.

Ошиқи ситамкор

Дар ин вақт аз роҳ як пиёдагард мегузашт. Нигина ба тарафи вай нигариста, ”Ёрӣ диҳед, акаҷон” гуфт. Мард ба тарафи онҳо нигаристу самти ҳаракаташро тағйир дод, аммо Аскар пешдастӣ карда, мардро аз роҳаш гардонд:

- Рафтан гиред. Мо як масъалаи шахсиро ҳал карда истодаем. Ҷойи ташвиш нест.

Роҳгузар роҳашро идома дод. Дили Нигина аз тарси зиёд гӯё аз тапиш монд. Худ ба худ меандешид, ки акнун кӣ кӯмакаш мекунад.

- Сар диҳед, илтимос, - инони гиряро сар дод духтар. - Майлаш гап мезанем, лек ягон вақти дигар. Ҳозир маро дар назди ҳамсинфонам шарманда накунед ва гузоред, ки равам. Хоҳиш мекунам.

- Ман туро дӯст медорам, - гуфт Аскар. - Туро ҳатман ба занӣ мегирам. Маро нағз фахмидӣ?, - дод зад ҷавон.

Баъди ин Аскар дигар ба зиддиятҳои духтар нигоҳ накарда, ӯро оғӯш карду аз бари рӯяш бӯсид. Нигина аз ин амали ӯ дар ғазаб шуду чан шаппотии обдор ба рӯяш зад, вале чун дид, ки Аскар ӯро раҳо карданӣ нест, ба рӯяш туф карду гурехт.

- Э онаи туро, - дод зад Аскар! Ӯ ба тарафи кӯча нигариста, ҳуштаки баланд зад. Дар як миҷҷа задан “Тайота Кемри”расида омад ва ду писар Нигинаро аз ду тарафаш дошта, ба мошин шинонданду газро зер карданд.

Номардии ошиқ ва таҷовузи дӯстдошта

Мошин омада дар лаби сойи торик истод. Нигина акнун дарк кард, ки ин разилон нияти нопок доранд.

- Агар ба ман ягон ҳодиса шавад, шумо зинда намемонед! - гуфт ӯ. - Маро ҳатман меёбанд ва бо воситаи ман шуморо ҳам пайдо мекунанд.

- Ин духтар ин қадар ҷассоратро аз куҷо гирифта истода бошад?, - гуфт авбоше, ки мошинро ронда омада буд. - Аскар шояд ту фаҳмонда медиҳиаш?

Аскар хомӯшона сигор мекашид. Ҳамин вақта ронанда як тарафи куртаи Нигинаро дошта кашид. Курта беихтиёр дарида рафт.

- Нарас ба вай! – дод зад Аскар. - Ин духтар зани ояндаам аст. Як сӯ гузоредаш! Худам ҳамроҳаш гап мезанам.

- Ба мо чӣ фарк дорад, ки ӯ кист? Фаҳмон, ки ба даҳонаш нигоҳ карда гап занад.

Дари мошин кушода шуд. Садои реп фазоро забт кард. Духтар ба берун баромад.

- Ба хона бурда мемонед?! - Нигина тарсидаву ларзида ба Аскар муроҷиат кард.

- Не, - бо виқор гуфт Аскар ва ба тарафи мошин нигарист.

- Маро шарманда карданиед?, - боз пурсид Нигина.

- Зани ояндаам ҳастӣ. Фарқаш чӣ?, - пурсид Аскар.

- Мурданам хубтар аст, - бо гиря посух дод Нигина.

Духтар хост, ки худашро кушаду аз нанги шармандагӣ халос шавад. Ӯ ба сой нигоҳкунон ба ҳамон тараф давид.

Аскар, ки чунин ранг гирифтани корашро интизор набуд, ҷонҳавлона аз пушти духтар давид. Ӯ сахт тарсида буд. Аскар вақте ба духтар расид, Нигинаро озод бардошта, ба тарафи алафзор рафт. Духтари бечора дар оғӯши ин гурги гурусна даступо мезад, вале ин барои Аскар фарқ надошт. Аскари ташна либосҳои духтарро дар танаш даронда, худро дар болои ӯ баланду паст кардан гирифт.

Нигина фикр намекард, ки имшаб бадбахттарин шаби ҳаёташ аст. Камтар пеш ӯ хушбахттарин духтари дунё буд. Акнун чӣ? Дигар чӣ хел зиндагӣ мекунад? Ба рӯи падару модараш чӣ гуна менигарад?


Ихлосу халос

Духтар банди хаёлҳо беист мегирист. Аскар бошад, то ҳол амали зишти худро идома медод. Ҳамин вақт мошине ба тарафи онҳо тоб хӯрд. Шарикони Аскар илфавр ба мошини худашон нишаста, гурехтанд. Аскар дар фикри пӯшидани либосҳояш шуд.

- Ни – ги – на – а – а - а! – шунида шуд овози мардонае. Нигина даррав соҳиби овозро шинохт. Ин акааш Ихтиёр буд.

Аскар худро ба даруни қамишҳо ҳаво дод. Духтар ба тарафи соҳиби овоз давид, вале баъди ду қадам афтид. Ихтиёр ба тарафи ӯ давид. Хоҳараш аз ҳуш рафта буд. Ихтиёр аз сой об оварду ба рӯи Нигина пошид. Духтар ба худ омад.

- Натарс, ман акаат Ихтиёрам. Кӣ буданд он ифлосҳо? Мешиносӣ, хоҳарҷонам?, - пурсупосро сар кард Ихтиёр.

Нигина гап зада наметавонист. Акаи Ихтиёр рӯи хоҳарашро шуста, аз зери китфонаш гирифту ӯро ба тарафи мошинаш бурд.

- Ба тарабхона рафтам, ки ту набудӣ. Як бача гуфт, ки як духтарро дӯстдоштааш ба мошин савор карда, ба ҳамин тараф бурд. Вақте ранги либосҳоятро пурсидам, аниқ гуфт ва фаҳмидам, ки он туӣ. Дарав аз пуштат омадам, то фаҳмам, ки он дӯстдоштаат кӣ будааст, - гуфт Ихтиёр.

- Ҳозир ба хонаи мо меравем. Янгаат куртаатро дӯхта, тоза мешӯяд. Бо ин аҳвол туро ба хона бурда наметавонам. Баъд он номардони сагро меёбам, - Гуфт Ихтиёр ва мошинро рост ба тарафи хонааш ронд.

Тасаллии бародарона

Нигина мушавваш буд ва танҳо ба як нуқта менигарист. Ихтиёр ин ҳолатро дида, ашки чашмоашро дигар дошта натавонист.

- Нигинаҷон, хоҳари азизам. Ин қадар зиёд фикр накун. Аз ин аҳвол дигар чӣ фоида? Маро нағз гӯш кун. Ваъда медиҳам, ки сиратро ба ягон кас намегӯям. Фикри шавҳар карданро ҳам накун. Танҳо номи он сагбачаи лаънатиро ба ман бигӯ тамом. Медонӣ, хеле боз аз пушти як ҷинояткор будам. Аниқтараш аз пушти як кас поида мегаштам. Як нафар гӯй аз кашидани нашаи зиёд мурда будааст. Баъдтар фаҳмам, ки қотили ӯ Аскар гуфтанӣ як бача будааст. Инчунин, фаҳмидам, ки ин сагзода ба ту ошиқ будааст. Бигӯ оё ҳамин ҷавон туро гирифта ба лаби сой бурду номардона ба номусат даст дароз кард? Хоҳарҷон, таҷовузкор Аскар аст?

- Бале, Аскар, - гуфт Нигина бо чеҳраи паридаву ашки чашм.

Ихтиёр ба фикр фурӯ рафт.

- Воқеаҳои имруз рухдодаро аз ёдат барор, хоҳарҷон. Дигар фикрашро накун.

Хонаи акаи Ихтиёр дуртар аз маркази ноҳия буд. Мошин дар назди дарвозаи чӯбине қарор гирифт. Ихтиёр фаромада, дарвозаро кушод ва хоҳарашро ба хона даровард.

Давом дорад ...

 Аз идора: Идомаи қиссаро пагоҳ шаб соати 21:00 мутолиа намоед

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД