Ҳамаи ин воқеаҳо дар шабе, ки бо муносибати занги охирон ташкил шуда буд, руй доданд - изҳори муҳаббат, бӯсаи аввалин ва ...
Дар суҳбати дӯзанда
Нигина ба монанди дигар дугонаҳояш куртаеро, ки барои ҷашн омода карда буд, пӯшиду аз хурсандӣ дигар даҳонаш пӯшида намешуд. Механдиду механдид.
- Вой, вой! Хеле зебидааст. Ин қадар хушрӯча шудӣ ту, - гуфт дӯзанда.
- Дастатон дард накунад, апаҷон. Акнун мизоҷи доимии шумо мешавам. Падарам нагузошт, ки ба Донишгоҳи тиббӣ дохил шавам, лекин ақаллан ба коллеҷ рафтан мегузорад. Халат ё ягон куртаи дигар даркор шавад, ҳатман ба пеши шумо меоям.
Оинаро тоб дода, духтарак китфонашро дид. Чӣ хеле, ки ӯ мехост, курта айнан ҳамон тавр шуда буд. Либосро бароварда, онро ба сумкааш гузошт. Мӯйҳои сиёҳтоби ба бари рӯйи ба монанди шир сафедаш хамида, ҳар гуна шахсро ба худ ҷалб мекард.
Нигина таббасуми ширине карда, бо дузанда хайру хуш кард. Аммо ҳанӯз ба кӯча набаромада буд, ки дузанда дигарбора ӯро ҷеғ зад.
- Хеле вақт аст, ки ба шумо як гапро гуфтанӣ мешавам, лекин забонам намегардад. Рафтанатонро дида, дигар тоқат карда натавонистам. Ин субҳ духтарони маҳалла омада буданд. Куртаатонро дӯхта истода будам. Духтарон вақте фаҳмиданд, ки мизоҷ шумоед, дар бораатон гап заданд. Аз ҳарфҳояшон фаҳмидам, ки писари авсунам аз қафоятон мегаштааст. Маро дуруст фаҳмед, хоҳарҷон. Аз Аскар эҳтиёт шудаанатонро мехоҳам. Ӯ писари хуб нест. Ҳатто шалоқҳои падараш ҳам ӯро аз ин роҳ баргардонида натавонист. Ба дуздон ҳамроҳ шудааст. Агар бовар накунед, худатон ягон бор поед ё ба гаштану рафтораш аҳамият диҳед. Аз ман хафа нашаведу ба касе ҳам ин гапҳои маро нагӯед, илтимос, хоҳарҷон!, - бо зорӣ ба забон овард дӯзанда.
- Шумо хавотир нашавед, апа. Ҳеҷ кас ин гуфтугӯи моро намефаҳмад, - гуфт Нигина ва дӯзандаро дилпур сохт.
- Падараш пули зиёд дошт. Аскар ҳамеша либосҳои қимматбаҳо пӯшида мегардад. Аз таксӣ намефарояд. Як рӯз одамони ношинос ба хонаи авсунам бо зӯрӣ даромада, ӯро кофтаанд. Вақте наёфтанд, ба модараш "писарат қарзашро оварда диҳад, набошад сарашро бурида меравем" гуфта, таҳдид кардаанд, - гуфт бо таассуф дӯзанда.
- Апа, росташро гӯям, ман то ҳол ҳамроҳи Аскар як даҳон ҳам гап назадаам. Ҳар боре аз мактаб бармегардам, гап мепартояд, лекин ман ба тарафаш ҳатто нигоҳе намекунам. Ду - се бор хат навишт, ки даронда партофтам. Одамон ҳар чизро як чиз гуфта гап зада гаштаанд, - оҳ кашид Нигина.
- Дуруст мегӯед! Ман падаратонро хуб мешиносам. Дар оилаи мо нисбат ба ӯ ҳурмат махсус ҳаст. Авсунам ҳам, шавҳараш ҳам падаратро эҳтиром мекунанд. Ба ҳар ҳол, худат эҳтиёт шав, - гуфт дӯзанда ва синчакорона ба рӯт Нигина нигарист.
Одам бояд ба кӯрпааш нигоҳ карда, пой дароз кунад, - гуфт Нигина ва чун дид, ки суханҳои ин зан тамом намешаванд, дарҳол хайрухушкунон ба берун баромад.
Либоси орзуҳо
Ӯ дигар вақт надошт. Рӯз гузашта рафта истодааст. “То ба хона мерасаму куртаи навро мепӯшаму худро оро медиҳам, ки шаб мешавад”, аз дил гузаронд Нигина ва гашташро тезтар кард. Чанд рӯз пеш писару духтарони синфашон маслиҳат карданд, ки ба муносибати хатми мактаб дар тарабхонаи "Марворид" шабнишинӣ ташкил кунанд. Нигина аз ин нишаст дар ҳаяҷон буд. Чун падараш роҳбари яке аз коргоҳҳои калон буду хонаашон ҳам қасрро мемонд, ҳамсинфонаш меандешиданд, ки ин духтар ба кадом навъи либос ба чорабинӣ меояд
Падари Нигина як ҳафта пеш барои ӯ аз шаҳри Тошкант либоси оҳарӣ овард. Аммо он барояш маъқул нашуд. Нигина куртаеро мехост, ки қисмати пеши бар ва китфаш чапаш кушода ва рангаш суп – сурхи ҷилонок бошад. Вале либоси овардаи падараш пурра маҳкам буду остиндароз.
Ин субҳ падари ӯ боз ба сафари хидматӣ ба Украина рафт. Нигина аз ин хабари хуш хеле хурсанд шуд. Падараш рафту модараш иҷозат дод, ки Нигина ба хонаи дӯзанда рафта, куртаи мехостаашро дӯхта, пӯшад.
Ӯ чун омода мешуд, духтарони ҳамсинфаш ба хонаашон омаданд. Духтарон худро дар оинае, ки дар ҳуҷраи Нигина овезон буд, нигоҳ карда, ба андомашон нигаристанд. Аз кӯча садои сигнали мошин омад.
- Ҳозир!, - аз тиреза дод зад Нигина.
- Кӣ омад? – баробар пурсиданд духтарҳо.
- Сардор, саги Аскар аст, - ку?, ҷавоб дод Нигина.
Духтарҳо омода шуда, ба рӯи ҳавлӣ баромаданд. Модари Нигина, ки дар ҳавлӣ менишаст, абрӯвонашро боло карда, як ба духтарҳо ва як ба духтари худаш нигоҳ карду аз ҷояш хестанӣ шуд, аммо чун аз ҳад зиёд фарбеҳ буд, хеста натавонист. Духтарон барои дилбардорӣ гуфтанд:
- Хола, биёед рафтем ба шабнишинии занги охири мо. Падару модарон ҳам меоянд.
Занак дастонашро ҷунбонда, ба тарафи Нигина нигаристу гуфт:
- Дар кӯча беҳуда нагард. Ҳамин, ки шабнишиниатон тамом шуд, дарҳол занг зан, акаи Ихтиёратро равон мекунам. Тезтар бо мошинаш хона биё. Агар ин куртаатро падарат бинад, дар сари ман чормағз мешиканад.
- Бо дугонаҳоям меоям, - қавоқҳояшро андохт Нигина. - Акаи Ихтиёрро овора карданатон шарт нест. Занаш касали вазнин гуфта будед, - ку?!, - бо зарда гуфт духтар.
- Гап нагардон, маҳмаддоно!, - дод зад занак.
Шабнишинӣ
Духтарҳо ҳам ба ҷойи ваъдагӣ расиданд. Дастархон бо як тарзи хос ороиш дода шуда буд. Ғайр аз обҳои газнок бутилкаҳои дароз – дароз низ ба чашм мерасид. Устодон пушти як миз менишастанду шогирдон пушти мизи дигар. Баъди ифтитоҳи ровӣ қадаҳзанӣ сар шуд. Садои форами мусиқӣ ҳам баланд шуд.
Нигина дар назди фаввора менишаст. Ҳама ба ӯ нигоҳ мекарданд. Пешхизматҳое, ки дуртар аз ӯ хизмат мерасонданд, аз духтар чашм канда наметавонистанд. Нигина воқеан ҳам маликаи базм буд. Ҳамсинфон ӯро ситоиш карда, хушомад мегуфтанд.
- Нигина, ин қадар зебо шудаӣ? Тӯят кай?Аз ҳама тӯйи зӯр аз они ту мешавад, - гуфт Шаҳбоз.
Сардор аз пеши мизи духтарон ҷой гирифтанӣ буд. Садри маҳфил ӯро оҳиста ва дипломатона пеш кард.
- Охир, дар байни мо ҳам арӯс ҳаст, - гуфт як духтари дигар, - вақте барои дар пешаш нишастан роҳ кушода шавад, Сардор дигар аз наздаш намехезад.
- Кӣ будани язнаро ман хуб медонам, - гуфт духтари дигар, ки дар шафати Нигина менишаст.
- Вай шефи Сардор аст. Барои ҳамин Нигина ин қадар ноз доад.
Ана ба ту! – дод зад Сардор ва як мушт ба зери манаҳи духтараки дуюм фаровард. – Ин қадар "тӯй", "арӯс", "язна" нагӯй! Як бор аввал ба афту андоми худат нигар, маймунбашара.
- Чанд вақт шуд фақат дар бораи ман гап мезаненд. Ин қадар шавҳар кардани маро мехоҳед. Чӣ мақсад доред?, - пурсид Нигина аз дугонаҳояш.
- Вай, дугонаҷон, ман шӯхӣ кардам, - ку?!
- Шӯхӣ ҳам андоза дорад, - да! Дар ин ҷо ғайр аз ман дигар духтарҳо низ ҳастанд. Охир, раву бо онҳо шӯхӣ кун. Илтимос, дигар бо ман гап назанед. Товба!, - бо қаҳр гуфт Нигина.
- Баъзе духтарҳо чун мактабро хонда, тамом карданд, дарҳол шавҳар мекунанд. Ман бошам нияти хонданро дорам, - гуфт ҳамон духтар, ки мушт хӯрда буд.
Ҳамин вақт ҳамаро барои нишастан даъват карданд.
- Дар ҳамин рӯз аз ҳамдигар хафа шудан чӣ лозим аст? Хезед, рақс мекунем, - таклиф кард Меҳроҷ.
Ҳамин тавр оҳиста - оҳиста шабнишинии хатмкунандагон ҳам ба нуктаи шавқовар наздик мешуд, яъне замони сухангӯӣ фаро мерасид. Вақте навбати сухан гуфтан ба Нигина расид, вай ҳамсинфону устодонашро табрик карду: - Мехоҳам, ки ҳар як каси дар ин ҷо нишаста дар ҳаёт бахти худро ёбад, - гуфта, нутқашро тамом кард.
Давра аз чапакзанӣ ба ларзиш омад. Ҳама ба қаду қомати Нигина бо ҳавас нигоҳ мекарданд.
- Ин фариштаи нотакрор ба кадом бачаи хушбахт насиб мекарда бошад?, - гуфта, фикр доштанд одамон. Мусиқии баъдина аз аввала шӯхтар буд. Писарчаҳо тарақу парақкунон май менӯшиданд. Онҳо худашонро аз ёд бароварда, рақсу ҳаёҳӯйро сар карданд. Духтарҳо ҳам аз онҳо қафо намемонданд. Либосҳои танг дар танҳои сап - сафеди духтарон часпида меистод.
- Рафтем, мо ҳам як қадаҳ мебардорем, - гуфт яке аз ҳамсинфонаш ба Нигина.
- Майлашу фақат ман танҳо "кола" менӯшам.
Вақте Нигина стакони пур аз коларо ба даст гирифта, рост меистод, дар беруни тарабхона чашмаш ба ду нафар афтид. Яктоаш Сардор буд, вале ҳарчанд нигоҳ кард шахси дуюмро нашинохт. Дар ин вақт ҳамсинфон аллакай суратгираки телефонҳояшонро омода карда, “табассум мекунем" гуфта, чириқу пириқкунон ба аксгирӣ даромаданд.
Нигина бо завқ гоҳ ба ин аккосу гоҳ ба дигараш менигарист. Як вақт овози шиносе “Шуморо як лаҳза мумкин?”, - гуфта, Нигинаро аз давра ба берун кашид. - Ба ту як гапи муҳим дорам, Нигина, - ин овози Сардор буд, ки Нигина даррав шинохт.
- Чӣ гап дорӣ?, - бо зарда пурсид духтар.
- Биё, он тарафтар гузарем. Ба ту бародарам гап дорад, - ҷавоб дод Сардор.
- Кадом бародарат?, - пурсид бо ҳайрат Нигина.
- Ана, ин кас, - гуфт Сардор ва ба пушти дарахт ишора кард.
Нигина тез Аскари пинҳонистодаро шинохт. Ӯ худро чанд қадам дур кашид. Хост, ки пуштнокӣ боз гашта, ба тарабхона равад. Аммо Аскар ба ӯ наздик рафта, аз дасташ дошту се - чор маротиба ба тарафи худаш кашид. Бача бисёр мехост, ки дар ҳамин ҷо ҳамаи сири дилашро ба ӯ гӯяд, вале кор ранги дигар гирифт.
Давом дорад ...
Аз идора: Идомаи қиссаро пагоҳ шаб соати 21:00 мутолиа намоед.