Пӯшида нест, ки дар баъзе кишварҳо духтарон хеле барвақт ба шавҳар дода мешаванд ва баъзан чунин саросемагӣ боиси сар задани ҳодисаҳои нохуш мегардад...
Як духтараки 13-сола аз Яман бо номи Асс Илҳом ал Маҳдӣ, ки ҳамагӣ 13 сол дошт, бо марди калонсоле издивоҷ карда, пас аз шаби аввали арӯсӣ бо ҳаёт абадан падруд гуфт. Ин духтараки ноболиғ ба хунравии шадид гирифтор гаштааст.
Арӯси 13-соларо дар ҳолати беҳушӣ ба бемористон бурданд, вале табибон чаҳор шабонарӯ барои зинда монданаш талош намуда бошанд ҳам, натавонистанд ҷони духтарро наҷот бубахшанд.